Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, омодааст дар додгоҳ ҳозир шавад
Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, мегӯяд, ӯ ба Қурмонбек Боқиев иҷозаи берун рафтан аз кишварро додааст ва омода мебошад дар ин маврид дар додгоҳ посух гӯяд.
Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки Отунбоева дар ин бора зимни суханронии худ дар донишгоҳи миллии ин кишвар суҳбат намудааст. Ба гуфтаи ӯ, тасмими берун кардани Боқиев аз кишвар дар пайи гуфтугӯ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, гирифта шудааст.
“Назарбоев он замон ба ман гуфта буд, ки раисиҷумҳури Амрикову Русия дар канори ӯ ҳузур доранд ва онҳо низ хостори хуруҷи Боқиев аз кишвар ҳастанд, то вазъиятро таҳти контроли худ гиранд”,-афзудааст Отунбоева.
Ин дар ҳолест, ки муддати се сол аст, додгоҳи расидагӣ ба ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 Қирғизистон дар Бишкек идома дорад ва ин додгоҳ, гурӯҳи вижаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро мавсум ба Алфа ва ҳамчунин созмони ҳифозати давлатии ин кишварро муттаҳам ба куштори ширкаткунандагони таҷаммуи сулҳомез дар он замон медонад.
Қурмонбек Боқеив, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, дар саркӯб кардани эътирозгарони моҳи апрели соли 2010, ки боиси ҳалокати беш аз 90 нафар гардида буд, айбдор дониста мешавад. Ҳоло ӯ дар Белорус қарор дорад ва додгоҳи Қирғизистон ӯро маҳкум кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |