МТС ҳушдори Амрико дар бораи тазоҳуротро “шитобзадагӣ” хонд
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон,(МТС) ҳушдори Амрикоро дар мавриди таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон “шитобзада ва бепоя” хонд.
Сафаров мегӯяд, Тоҷикистон яке аз амнтарин кишварҳо барои худӣ ва хориҷиҳо мебошад. Ӯ афзуд, тазоҳуроте, ки ахиран дар назди бинои сафорати Амрико дар Душанбе баргузор шуд, душманӣ ба Амрико нест ва он ба зидди амрикоиҳо равона нашудааст: “Ин мавқеъи Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар набуда, танҳо мавқеъи як гурўҳ шаҳрвандони мо буд, ки алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон гирди ҳам омада буданд. Онҳо моро ҳамеша гунаҳкор мекунанд, ки мардуми тоҷик худро ҳимоя карда наметавонад. Гирдиҳамоии мазкур собит намуд, ки дар сурати зарурӣ мардуми тоҷик барои дифоъ аз манфиатҳои миллиаш садо баланд карда метавонад. Аз ҳамин ҷиҳат Амрико ба ин ҳаводис бояд бо мувозинат бархӯрд намояд. Ҳарчанд Амрико ба унвони як абарқудрат аз арзишҳои демократӣ сару садо баланд мекунад. Вале бо ин ҳушдораш маълум кард, ки Амрико тоқати шунидани эътироз ба мавқеъгириашро надорад.”
Сафаров мегӯяд, ҳушдори шадиди Амрико дар баробари тазоҳуроти ахир дар Душанбе аз таҷрибаи тазоҳуротҳо дар кишварҳои арабию африқоӣ бармеояд, ки онҷо баъзан бо зӯроварӣ анҷом меёбанд. Ӯ рух додани чунин ҳолатро дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур арзёбӣ намуд ва инро ба фарҳанги мардуми тоҷик марбут донист.
Рӯзе пеш, 10-уми апрел Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе аз шаҳрвандонаш, ки дар Тоҷикистон иқомат ё сафар доранд, даъват кардааст, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд. Дар иттилоияе, ки сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷой додааст, ба шаҳрвандони Амрико тавсия дода мешавад, ки зиракиро аз даст надиҳанд ва аз муҳити атрофашон пайваста огоҳ бошанд. Сафорат ҳушдор додааст, ки ҳар гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон, метавонад бо зӯроварӣ анҷомад ва бинобар ин зарур донистааст, "шаҳрвандони Амрико пайваста ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташонро бо худ бигиранд". Барои таъмини беҳтари амният сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш маслиҳат додааст, ки худро дар барномаи STEP дар интернет, ё худи сафорат сабти ном кунанд, то дар ҳолатҳои муташанниҷ бо онҳо дар тамос шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |