Душанбе барои ҳалли мушкили ронандаҳои тоҷик ба Кобул муроҷиат кард
Душанбе барои ҳалли мушкилоти ронандаҳои тоҷик, ки чанд рӯз қабл дар пойтахти Тоҷикистон бо нишони эътироз аз боло бурдани қиммати убур аз қаламрави Афғонистон даст ба эътироз заданд, ба мақомоти Кобул муроҷиат кардааст.
Аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки намояндагони ин ниҳод ронандагони норозиро ба ҳузур пазируфтанд ва барои ҳалли мушкилашон аллакай ба Вазорати умури хориҷии Афғонистон муроҷиатнома ирсол намудаанд.
Илёс Шарипов, яке аз ронандаҳои норозӣ ва ширкаткунандагони тазоҳуроти рӯзи 8-уми апрел дар назди бинои сафорати Афғонистон, зимни суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” аз афзоиши нархи“Road Post” (раводид барои убуру мурури мошинҳо аз Афғонистон) изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, агар қимати шашмоҳаи “Road Post” дар аввал 190 доллари амрикоиро ташкил медод, ҳоло нархи семоҳаи он 540 доллар муқаррар гардидааст: “ Ҳадди ақал бо вуҷуди боло бурдани нарх вақташро кутоҳ намекарданд. Ҳоло барои мо ронандагон хеле мушкил шудааст бо чунин наргузорӣ”.
Ронандагон мегӯянд, чанде пештар дар бораи ин мушкили худ ба Вазорати роҳ ё нақлиёти Тоҷикистон ҳам муроҷиат карда буданд, вале чун натиҷеро дарёфт накарданд, дар назди сафорати Афғонистон дар Душанбе ҷамъ омаданд, то норозигии худро баён намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |