Аҳолии Қазоқистон ҳар сол 250 ҳазор нафар афзоиш меёбад
Шумораи аҳолии Қазоқистон аз аввали соли ҷорӣ 0,25% афзоиш ёфтааст, ки ин нишондод дар як соли охир 1,2%-ро ташкил медиҳад.
Тавре Оҷонсии омори Қазоқистон иттилоъ медиҳад, аҳолии ин кишвар солона 250 ҳазор нафар зиёд мегардад. Макаш Татимов, донишманди улуми демографӣ ва ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар суҳбат бо хабаргузориҳои қазоқ гуфтааст, ин раванд мояи нигаронӣ надорад. Татимов афзудааст, ки афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистону Узбакистон метавонад мушкил эҷод кунад: “Аммо суръати афзоиши аҳолии Қазоқистон ҳеҷ таҳдиде надорад. Танҳо манобеи кишвар бояд самаранок истифода шаванду халос.”
Бино ба гузориши ахири Оҷонсии омори Қазоқистон шумораи аҳолии ин кишвар ба 16 миллиону 954 ҳазор нафар расида, беш аз 63%-и онро мардуми қазоқ ва 23,7%-ро русҳо ташкил медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |