Имкониятҳои таҳсил дар Лондон ба тоҷикистониён муаррифӣ мешаванд
Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 18 ва 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе имкониятҳои таҳсил дар Лондон муаррифӣ мешаванд.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 18-уми апрел дар Донишкадаи авиатсионӣ ва рӯзи 19-уми апред дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ ва намоиши коллеҷи соҳибкорӣ ва маблағгузории Лондон (London School of Business & Finance) баргузор мешавад. Намояндагии Британияи Кабир дар Душанбе мегӯяд довталабоне, ки дар ин намоиш иштирок карда, мехоҳанд дар Англия таҳсил кунад, имкони таҳсил аз рӯи барномаҳои магистатура, бакалавр ва МВА дар коллеҷи соҳибкорӣ ва маблағгузории Лондонро доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Робин Орд Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, бахши маориф яке аз самтҳои ояндадори ҳамкории ду кишвар аст. Сафир таъкид намуд, ки дар бозори забономӯзии Тоҷикистон талабот ба забони англисӣ рӯзафзун аст ва ӯ талош мекунад, муассисаҳои таълимии Лондонро ба ин бозор ворид созаду, сармоягузории кишварашро ба маорифи Тоҷикистон ҷалб намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |