Писарбузурги райисҷумҳури Гурҷистон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Эдуард Саакашвилии 15-сола, фарзанди калонии президент Михаил Саакашвилӣ, бо суръати ҳайратовар дар iPad алифбои англисиро бо дасти росташ ҳуруфчинӣ кардааст. Гуфта мешавад, бачаи райисҷумҳур ин амалро дар ҳузури довари байналмилалии рекордҳои Гиннес- Шейда Субаси Гениҷӣ тайи 5,26 сония анҷом додааст, ки ин аз рекорди қаблии тинейҷери англис, Чарли Макдонелла 1,5 сония беҳтар аст.Пас аз он ки рекорд дар Кохи адлияи Батумӣ расман ба қайд гирифта шуд, ба Эдуард аз ҷониби ҳакамон шаҳодатнома тақдим гардид.Зимни маросими мазкур, модари ӯ, бонуи рақами 1-и Гурҷистон, Сандра Руловс ва вазири варзиш ва кор оид ба ҷавонони кишвар Ладо Вардзелашвили низ иштирок доштанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр