Ҳатто журналистони дар ин минтақа наворгирро низ пулис мавриди латукӯб қарор дода, таҷҳизоти аккосӣ ва наворгирии онҳоро шикастаанд.
Мардуми башӯромада бар муқобили латукӯби пулис аз сангҳои канори роҳ истифода карда, пулисро ба қафонишинӣ маҷбур кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин як тазоҳурот бар зидди қарори вазорати маорифи Озарбойҷон 10-уми декабри соли гузашта низ доир гардида буд.
Тахминан якуним сол қабл бо як қарори вазири маорифи Озарбойҷон рафтани хонандагон бо хичоб ва ё русарӣ ба тадрис мамнӯъ гардида буд. Баъди ин теъдоди зиёди духтарон аз таҳсил дар макотиби ҳамагонӣ худдорӣ карда буданд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш чунин тасмимро Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам аз сар гирифта буд, ки миёни мардум вокуниши зиёдеро ба бор овард. Аммо масъулин то ҳанӯз ба хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯён иҷоза намедиҳанд, к ибо рӯсарӣ ба дарс ҳозир шаванд. Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |