Эмомалӣ Раҳмон дар назди Шултс интихоботи озодро ваъда дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел, баъд аз мулоқот бо президенти парлумони Аврупо, Мартин Шултс дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки оид ба ширкат дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон ҳанӯз қароре қабул накардааст.
Тавре аз Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди норӯшан будани иштирокаш дар интихоботи моҳи ноябри соли равон, кафолат медиҳад, интихобот демократӣ хоҳад гузашт: “Ман ҳамчун Президенти кишвар ва кафили риояи Конститутсия кафолат медиҳам, ки интихоботи Президентии Тоҷикистон озодона, шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад”.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |