СБП: “Агроинвестбонк”-ро дар ихтиёри хориҷиён гузоред
Сандуқи байналмилалии пул “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод кардааст, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷиро ҷалб намояд.
Як ҳайати коршиносони Сандуқи байналмилалии пул, ки зери роҳбарии Ҷонатон Дан барои омӯзиши вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз 28-уми март то 9-уми апрел дар Душанбе қарор доштанд, ба хулосае омадаанд, ки барои нигоҳдории арзиши “Агроинвестбонк” ва маблағҳое, ки барои ин муассиса сарф шудаанд, ҷалби мутахассисони шинохтаи хориҷӣ зарур аст. СБП ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия додааст, ки то ҷалби муттахассисони хориҷӣ ба фаъолияти қарздиҳии “Агроинвестбонк” роҳ надиҳад. Барои кам кардани хароҷоти давлатӣ барои нигоҳдории вазъи муътадил дар “Агроинвестбонк” Сандуқи байналмилаии пул ба ҳукумати Тоҷикистон зарур донистааст, ки тавассути гузоштани саҳмияҳои бонк дар бозорҳои ҷаҳонӣ онро аз нав хусусӣ гардонад. Инчунин СБП мегӯяд, ҳукумат бояд ба бозгардондани қарзҳое, ки то ҳол ба “Агроинвестбонк” баргардонда нашудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад.
Аввали соли ҷорӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки барои раҳоии «Агроинвестбонк», аз ҳолати ногувор давлат 51 дарсади саҳмияҳои ин бонкро харидорӣ кардааст. Вазири молияи Тоҷикистон рекапитализатсияи «Агроинвестбонк» - ро як падидаи маъмулии низоми бонкӣ хонд, ки дар замони буҳронӣ татбиқ мешавад. Ба иттилои вазир дар натиҷаи аудити «Агроинвестбонк» маълум шуд, ки 37 адад қарзи гирифта аз ин бонк баргардонда нашудаанд ва вазъияташ ногувор аст: «Ширкатҳое, ки аз Аргоинвестбонк қарз гирифтаанд, ҳоло ҳам фаъоланд, вале тавони бозпас додани маблағҳоро надоранд. Мо барои рӯйпӯш кардани кардани ин қарзҳо барои 8 сол дар ҳаҷми 500 миллион сомонӣ қоғазҳои қимматнок нашр кардем. Ҳамчунин 200 миллион сомонӣ, чун муассиси ин бонк сармоягузорӣ намудем ва акнун саҳми ҳукумат дар ин бонк 51 фойизро ташкил мекунад.»
Вазири молия мақсад аз ин иқдомро ҳимояи саҳҳомони бонк гуфт, ки теъдодашон бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки давлат аз ин кор манфиатдор нест ва ҳар чӣ зудтар масъулини Агроинвестбонк маблағҳои буҷаро гардонанд, ҳамон қадар метавонанд саҳмияҳои худро бозпас гиранд.
Қаблан масъулини «Агроинвестбонк» дар суҳбат бо хабаргузориҳо вазъи ногувори бонкро ба он рабт доданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат додаанд ва то ҳол бозпас нагирифтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |