Аккоси фаронсавӣ баъди шаш моҳ аз асорат раҳо шуд
Пер Борги, аккоси фаронсавӣ, ки тақрибан ним соли пеш аз сӯйи як гуруҳи мусаллаҳ рабуда шуд, мустақиман аз асорат раҳо шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар медиҳад.
Пер Борги моҳи ноябри соли сипаришуда дар музофоти Вардак ба асорат афтида буд. То кунун маълум нест, ки аккоси фаронсавӣ аз ҷониби кадом гуруҳ рабуда шудааст. Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд ин қазия ранги сиёсӣ надошта, бо ҳадафи ба даст овардани маблағ анҷом шудааст.
Аккоси фаронсавӣ муваффақ шуда, ки мустақилона аз асорат раҳо шавад. Ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон аз рустои маркази вилояти Вардак пайдо намуда, ба сафорати Фаронса дар Кобул расондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |