Қазоқистон хостори андози махсус барои қирғизҳо шудааст
Қазоқистон мехоҳад барои муҳоҷирони кории қирғиз дар ин кишвар як андози муайян ҷорӣ намояд.
Тавре расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, вакилони парлумони Қазоқистон ин масъаларо зимни мулоқот бо ҳамтоёни қирғизашон, дар минтақаи марзии ин ду кишвар баррасӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Икром Адурбеков, раиси Кумитаи оид ба равобити байналмилалии парлумони Қазоқистон, ҳоло вакилони қазоқ лоиҳаеро таҳия намуда истодаанд, ки мувофиқи он муҳоҷирони кории қирғиз бояд ба маблағи 3800 танга андоз супоранд ва метавонанд давоми 90 рӯз дар қаламрави Қазоқистон кору фаъолият намоянд.
Ин дар ҳолест, ки вакилони парлумон ва ҳукумати Қирғизистон борҳо дар мавриди содасозии низоми будубош муҳоҷирони худ аз ҳамтоёни қазоқашон дархостҳо карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |