“Сименс” ба Тоҷикистон меояд
Ширкати калони трансмиллии «Сименс» ба бозори Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст ва интизор меравад, ки ҳайати воломақоми ин ширкат рӯзҳои 19 ва 20-уми апрел вориди Душанбе гарданд.
Дар пешорӯи ин сафар, муовини президенти ширкати «Сименс» (Siemens LLC) дар Русия Сергей Крилов бо сафири Тоҷикистон дар Маскав, Абдулмаҷид Достиев мулоқот намуда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намудаанд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд, Крилов, зимни мулоқот изҳор доштааст, ки як ҳайати баландпояи «Сименс» бо роҳбарии ноиб - президенти ширкат Д. Мёллер, рӯзҳои 19 – 20 –уми апрел аз Тоҷикистон боздид мекунанд ва бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тавсеаи ҳамкории мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Ба иттилои сафорат, Достиев таъкид намудааст, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст ва омода аст бо кишвару созмонҳо ва ширкатҳои гуногуни хориҷӣ ҳамкорӣ кунад. Ӯ изҳори умед кардааст, ки ташрифи ҳайати ширкати «Сименс» ба Тоҷикистон бойиси таҳкими ҳамкории дуҷониба хоҳад гардид.
“Сименс” аз бузургтарин консернҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад, ки дар зиёда аз 190 давлати дунё, дар бахшҳои гуногун аз ҷумла электроника фаъолият дорад. Соли 2010 ҳаҷми гардиши ин консерн 76 миллиард евро ва теъдоди кормандонаш 405 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |