Шаш узви СҶТ аз Тоҷикистон пуштибонӣ хостаанд
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо рӯзи 8-уми апрел масоили густариши ҳамкорирҳоро баррасӣ кардааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Вангелис Виталис зимни мулоқот аз Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат хоҳиш кардааст, ки дар интихоби раиси нави СҶТ номзади Зеландияи Навро пуштибонӣ кунад. Аз ҷониби Зеландияи Нав вазири тиҷорати ин кишвар ба мақоми директори генералии СҶТ пешбарӣ шудааст.
Масъулини Вазорати рушди иқтисоду савдо мегӯянд, то имрӯз аз 9 кишваре (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро барои роҳбарии СҶТ пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба Тоҷикистон муроҷиат намудаанд.
Шариф Раҳимзода ваъда додааст, ки намояндагони Тоҷикистон пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СҶТ таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ намояд. Дар ҳамин ҳол Шариф Раҳимзода мегӯяд, ин дархостҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай Тоҷикистон дар СҶТ мақоми арзандаи худро пайдо намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |