Нигаронии мақомоти рус аз қочоқи мухаддирот дар хатсайрҳои Тошканд
Мақомоти гумруки Русия аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз самти Тошканд, пойтахти Узбакистон, изҳори нигаронӣ намудаанд.
Тавре расонаҳои русӣ аз қавли, мақомоти гумруки Русия менависанд, тақрибан, дар ҳар парвоз аз самти Тошканд мухаддирот пайдо карда мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод аз аввали соли ҷорӣ то кунун бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир алайҳи шаҳрвандони узбак 76 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Инчунин манбаъ афзудааст, тамоми меҳмононе, ки аз Узбакистон ба Русия меоянд, новобаста аз ин ки мард мебошанд ё зан, дар бағочи худ тамоку ё худ нос доранд: «Танҳо дар фурудгоҳи «Храброво»-и Русия зиёда аз 150 килограм тамоку аз шаҳрвандони Узбакистон мусодира шудааст.»
Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз тарафи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қонуне дар мавриди ҳимояти саломатии шаҳрвандон ба имзо расидааст, ки бар асоси он шуруъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ фурӯши тамоку ё худ нос дар қаламрави ин кишвар манъ карда мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |