Сафари ҳайати Эрон ба Душанбе боз ба таъхир афтод
Сафари як ҳайати ҳаштнафараи Эрон, ки дар назар буд, имрӯз, 8-уми апрел барои баҳси тарҳҳои муштарак ба Душанбе оянд, ба таъхир афтод.
Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, сафари ин ҳайати эронӣ, ки қарор буд, зери раҳбарии Алӣ Забеҳӣ, ноиби вазири нерӯи ин кишвар вориди Душанбе шаванд, ба таъхир афтодааст. Манбаъ аз ном бурдани далоили мушаххаси ин таъхирандозӣ худдорӣ кард.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, чанде қабл эълон дошта буд, ки интизор меравад, ҳайати эронӣ дар ин сафари чаҳоррӯзаи худ бо вазирони энергетикаву саноат ва нақлиёту алоқаи Тоҷикистон дидор ва дар мавриди тарҳҳои муҳими Сангтуда-2 ва нақби Истиқлол (Анзоб) гуфтугӯ намоянд. Ба гуфтаи Шеърдӯст, дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии исломии Эрон барои ифтитоҳи чанд тарҳи сохтмонии ин кишвар дар Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи навбати дувуми нерӯгоҳи Сангтуда-2 ба Душанбе ташриф меорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, сафари Аҳмадинажод ба Душанбе дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз, дар даҳаи сеюми моҳи март сурат мегирад, ки амалӣ нашуд. Он замон Алиасғари Шеърдуст дар робита ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, ба далели баъзе чорабиниҳои наврӯзӣ дар худи Эрон ва Туркманистон, Маҳмуд Аҳмадинажод наметавонад рӯзҳои 25-26-уми март ба Душанбе ояд: “Моҳи апрел Аҳмадинажод ба Душанбе меояд.” Акнун сафари Аҳмадинажод ба Душанбе ва ифтитоҳи навбати дуюми нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” боз то оғози моҳи май ба таъхир афтодааст.
“Сангтӯда 2” калонтарин тарҳи Эрон дар Тоҷикистон аст, ки бо 180 миллион доллар саҳми Эрон ва 40 миллион доллари худи Тоҷикистон сохта шуда, баъди ифтиттоҳи пуррааш тавлиди барқ дар Тоҷикистон соле то 1 миллиард килловат бештар мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |