Интиқоли маблағи муҳоҷирон 20% афзоиш ёфтааст
Ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони кории Қирғизистон ба Ватан дар давоми ду моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20% афзоиш ёфтааст.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, Заир Чокоев, муовини раиси Бонки миллии Қирғизистон, гуфтааст, муҳоҷирони кории қирғиз дар моҳҳои январ ва феврали соли 2013, 230,9 миллион доллари амрикоӣ ба ватан фиристодаанд. Дар ҳоле, ки ин нишондод дар соли 2012, 191,1 миллион долларро ташкил додааст.
Ба гуфтаи муовини раиси Бонки миллии Қирғизистон, ҳачми умумии маблағи интиқолдодаи муҳоҷирини қирғиз ба Ватан дар соли 2012 як миллиарду 758,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба ҳолати аввали соли равон теъдоди муҳоҷирони қирғизро дар қаламрави ин кишвар беш аз 500 ҳазор нафар арзёбӣ намуда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, беш аз 500 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон дар хориҷ аз кишвар машғул ба дарёфти ризқу рузии пайвандони худ мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |