Пайвандони Гулмамадов аз хидмати адвокати рус даст кашидаанд

Пайвандони Атобек Гулмамадов, ки аз ҷониби мақомоти Русия “наркобарони калон” арзёбӣ мешавад, аз хидмати вакили мудофеъ ё худ адвокати давлатии Русия даст кашидаанд.
Гулчеҳра Гулмамадова, хоҳари Атобек, дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, барои дифои манфиатҳои бародараш ҳуқуқшиноси тоҷиктабори Русия, Шарбатулло Содиқовро кироя кардаанд. Вай гуфт, далели иваз кардани вакили дифоъ ин аст, ки мехоҳанд бародари худро то ҳадди имкон ҳимоят кунанд ва боварашон ба Соддиқов бештар аст. Хонум Гулмамадова, аз қавли Ренат Курамшин, муфаттиши парвандаи Атобек хабар дод, ки ҳоло тафтишоти парванда идома дорад ва санаи баррасии додгоҳии он ҳанӯз рӯшан нест.
Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Мақомоти рус Гулмамадовро дар қочоқи мухаддирот дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам карда, вайро аз ҷумлаи калонтарин “наркобаронҳо” арзёбӣ мекунанд. Акнун дар сурати исботи гуноҳҳои пешгузоштаи мақомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар ҳабси абад интизор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |