Тазоҳуроти зидди Абдуллоҷонов Созмони Милалро "тарсонд"?
Ба дунболи эътирози гурӯҳе аз ҷавонон дар назди дафтари Созмони Милал дар Душанбе кормандони бахшҳои он рӯзи ҳаштуми апрел ба кор наомадаанд. Нахуст дар ин бора бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иттилоъ дод ва як манбаи мо дар Созмони Милал низ ин хабарро тасдиқ кард.
НАЗАРИ МАҚОМОТИ ВКД ДАР БОРАИ ТАЗОҲУРОТИ РӮЗИ 5 АПРЕЛ
Манбаи мо гуфт, масъулони дафтари Созмони Милал ба онҳо гуфтаанд, ба далели амниятӣ ба кор ҳозир нашуда, фаъолияташонро ба қадри имкон аз манзилашон идома бахшанд. “Аммо касе дар дафтар кор дошт, ба ҷои кор омад, албатта, барои фурсати хеле кӯтоҳ”,-афзуд манбаъ.
Эътирози гурӯҳе аз ҷавонон алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, аз боздоштгоҳе дар Киев рӯзи ҷумъаи панҷуми апрел дар назди дафтари Созмони Милал ва ҳамчунин дар назди сафорати Амрико баргузор шуд. Тазоҳуроти назди дафтари Созмони Милал (наздикии “Садбарг”) дер давом накард, чаро ки маъмурони пулису амниятӣ дарҳол ин тазоҳуротро пароканда карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |