ВКД: 4-5 нафар барои эътирози зидди Абдуллоҷонов ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тазоҳуроти рӯзи ҷумъа (5 апрел) алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанберо “ғайриқонунӣ” номид.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи душанбеи 8 апрел, ба “Озодагон” гуфт, ба далели ин ки тазоҳургарон барои баргузории гирдиҳамоӣ иҷоза надоштанд, дарҳол пароканда ва як гурӯҳи онҳо боздошт шудааст. Ҷаноби Асадуллоев рақами дақиқеро дар мавриди гуруҳи боздоштшуда ба забон наоварда, танҳо бо баёни “чор-панҷ нафар” иктифо кард. Вай афзуд, ин афроди боздоштшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд, чун ба қавли вай, онҳо “тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд”.
Рӯзи ҷумъаи панҷуми апрели соли ҷорӣ даҳҳо нафар дар назди бинои сафорати Иёлоти Муттаҳида ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе гирди ҳам омада, алайҳи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳи шаҳри Киев эътироз карданд. Қисми аслии эътирозагронро донишҷӯён ташкил медоданд ва дар миёни онҳо занон низ буданд. Ҳарчанд эътирозгарон дақиқ намегуфтанд, ки бо ташаббуси кӣ ё кадом гуруҳ ҷамъ омаданд, вале алайҳи Абдуллоҷонов шиор медоданд ва ӯро дар дуздии пулу ноамнӣ муттаҳам мекарданд.
Абдуллоҷонов, ки дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудугоҳи Борисполи Укроин боздошт шуда буд, пас аз панҷоҳ рӯзи ҳабс озод ва ба Амрико, кишваре, ки санади паноҳандагияшро дорад, баргашт. Омбудсмени Укроин ва ҳамчунин Созмони Милал аз озодии Абдуллоҷонов истиқбол крадаанд, чун ба назари онҳо дар сурати истирдоди нахуствазири пешини Тоҷикистон ба Душанбе ӯро дар кишвараш шиканҷа ва ё ҳабси тӯлонӣ дар интизор буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |