Ноболиғи тоҷик дар ғорати шаҳрванди Чин муттаҳам мешавад
Мақомоти пулиси ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми ғорати шаҳрванди Чин, Одинаев Лоиқ Алимардонович соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Кӯлоб ва ноболиғ Мирзоев Мубориз Суфиевич соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Истиқлол-2-и ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, боздоштшудагон шаби 6-ум ба 7-уми апрел соли равон ба хуҷраи хоби шаҳрванди Чин, Ванг Чонг Ли, соли таваллудаш 1981, корманди ҶДММ «Саддарё», воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Истиқлол-2 ворид шуда, аз он ҷо 1-адад «Ноутбук», 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» ва ашёҳои компютериро ба маблагӣ 1770-доллари амрикоӣ дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Айни ҳол ба гуфтаи мақомот аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |