Асрори ҷаҳиши Амир Қароқулов ва Олим Бобоев чист?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Таҳлилгарон мегӯянд, бо шитоб сабти ном шудани ду ҳизби нав дар 6 соли пеш бархе аз масъалаҳои ҳуқуқиву сиёсиро ба бор овардааст.
Дар чанд соли охир доираҳои таҳлилӣ ва ҳатто мардуми оддӣ низ дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон изҳори назар ва норозигӣ баён мекунанд. Сабабҳои чунин ҳолатро ба паҳлӯҳои гуногун нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, фишори зиёд ба аҳзоби мухолиф, набудани фазои мусоиди фаъолият, ҳамчунин заъф доштани худи аҳзоб, ки ба мардум наметавонанд зарурат ва барномаҳои худро муаррифӣ кунанд.
Ҳарчи ҳаст ё не, тайи 10 соли охир нафарони зиёде буданд, ки хостори таъсиси ҳизбҳои нав шуданд. Аз ҷумла, марҳум Қувват Султон то вақти ҷон дар бадан доштан натавонист Ҳизби тараққиёти Тоҷикистонро сабти ном намояд. Ҳикматулло Саидов, ки худро яке аз муассисони Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон меҳисобад, чанд бор анҷуманҳои таъсисотиашро баргузор мекунад, вале аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта намешавад. Соли 2004 Диловаршо Ҷӯраев - пайванди ҳунарманди шинохта Акашариф Ҷӯраев низ даъвои таъсиси Ҳизби мероси миллиро намуд, аммо бо кадом сабабе баъдан хомӯширо ихтиёр карду худ ба Ҳизби сотсиал демократ пайваст. Хулоса, таъсиси ҳизб дар Тоҷикистон гӯиё кори саҳлу содда нест. Бинобар ин, соли 2005 пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон якбора сабти ном шудани ду ҳизби нав, яъне Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Аграрии Тоҷикистон гумону шубҳаҳои зиёдеро ба бор овард.
Ҳизби Қароқулов аз ҳизби Бобев чӣ фарқ дорад?
Баъзе аз коршиносон ҳамон замон гуфта буданд, ки сабаби пайдоиши ин ду ҳизби нав коалитсияи интихоботи шаффофу демократист, ки пеш аз интихоботи парлумонии соли 2005 пайдо шуд ва аксари нерӯҳои фаъоли мухолифи кишварро гирди ҳам овард. Дар натиҷа Ҳизби хокими халқӣ- демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ бори танҳоиро кашид. Ҳизби коммунист ҳам он замон ҳарчанд ба ин коалитсия аъзо нашуд, аммо дар нишастҳои пас аз интихоботӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои аъзои ин коалитсия дар назди хабарнигорон ҳозир мегардид. Гуфта мешавад, барои пешгирӣ аз чунин «ҳолати нобоб» дар интихоботи президентии соли 2006 мақомоти ҳукумат тасмим гирифтанд, ду ҳизби нав таъсис бидиҳанд, то аз «шарикони беэътимоди» худ халос шаванд. Дар натиҷа, тирамоҳи соли 2005 ҲАТ ва ҲИИТ на танҳо якбора ба майдони сиёсӣ ворид шуданд, балки дар интихоботи президентӣ ҳам ширкат варзиданд. Он замон ҳарчанд аҳзоби мухолиф дар ин маърака ширкат накарданд, иштироки ду ҳизби нав интихоботро «ранги дигар» дод. Ҳарчанд натиҷаи иштироки ин ду нерӯ маълум буд, ки бо чӣ анҷом меёбад, аммо дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ду ҳизби навтаъсис ҳар кадоме дар алоҳидагӣ, соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси Намояндагон гардиданд. Дар ҳоле ки аҳзоби дигари собиқадор, ба мисли Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби сосиал- демократии Тоҷикистон натавонистанд, тайи солҳои тӯлонии фаъолият, ҳатто як курсии парлумонро ба даст биёранд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки пас аз Ҳизби ҳоким аҳзоби нисбатан пурқувватар ба ҳисоб мераванд ва собиқаи на кам аз 20-сола доранд, ҳамон миқдор вакиле дар парлумон доранд, ки ин ду ҳизби нав доранд. Саволе ба миён меояд, сабабу асрори ҷаҳишҳои болобаланди ҲАТ ва ҲИИТ дар чист?
Оинномаҳои ба ҳаммонанди ду ҳизб: кӣ аз кӣ «дуздид»?
Вақте суоли болоро пеши таҳлилгарон гузоштем, ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки дар ҷаҳони мутамаддин яке аз сабабҳои маҳбуб гардидани аҳзоб оинномаву барномаи хоси онҳост, ки аз нерӯҳои дигари сиёсӣ комилан фарқ мекунад. Аз ин рӯ, дар оинномаи тақрибан ҳар ҳизб ин ишораро хоҳед дарёфт, ки танҳо он нафароне ба узвияти ин ҳизб пазируфта мешаванд, ки оинномаи онро эътироф мекунад. Яъне, оиннома ҳуҷҷати аслии ҳар як ҳизб аст. Вазорати адлияи кишвар низ на ҳизб ва раҳбарияти он, балки оинномаи ин ё он ҳизбро, ки ба қонунгузории ин ё он кишвар мухолифат надорад, ба қайди давлатӣ мегиранд.
Бо далели он ки тавре ишора кардем, оинномаи ҳизб ҳуҷҷати аслии он аст, мо ҳам руҷӯъ кардем, ба омӯзиши оинномаи ҲАТ ва ҲИИТ, ки бо кадом махсусиятҳои худ тавонистанд, дар муддати хеле кӯтоҳ ба қавле ҳам маҳбубият пайдо кунанд ва ҳам дар парлумон соҳиби курсӣ шаванд. Вале чизи аввалине, ки пас аз омӯзиш мо эҳсос кардем, ин тааҷҷуб буд. Тааҷҷуб аз он ки оинномаи ин ду ҳизб тақрибан аз ҳамдигар фарқ намекунанд. Барои он ки хонанда гуфтаҳои моро сухани пуч напиндорад, чанд иқтибосе аз ин ду оиннома манзуратон мекунем.
Муқаррароти умумӣ аз ин ду ҳизб:
1.1 Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (минбаъд ҲИИТ) созмони сиёсӣ буда, шаҳрвандони ҳамақидаро ихтиёрона муттаҳид месозад.
1.1 Ҳизби аграрии Тоҷикистон (минбаъд ҲАТ) созмони сиёсӣ буда, шаҳрвандони ҳамақидаро ихтиёрона муттаҳид месозад.
1.2 Ба ҲИИТ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, ки баҳри амалӣ гардондани ҳадафҳои ин ҳизб муттаҳид гардидаанд, шомил шуда метавонанд.
1.2 Ба ҲАТ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, ки баҳри амалӣ гардондани ҳадафҳои ин ҳизб муттаҳид гардидаанд, шомил шуда метавонанд. 1.3 1.4 ҳамчунин якхелаанд.
1.5 ҲИИТ шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, амалӣ менамояд.
1.5 ҲАТ шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти худро дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, амалӣ менамояд.
Ҳадафҳои асосии ҲИИТ:
- мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.
Ҳадафҳои асосии ҲАТ
- мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.
Узвият дар ҲИИТ
4.3 Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизб ба қайд гирифта мешавад.
4.4 Ба узви ҲАТ билети ягонаи ҳизбӣ дода мешавад.
Узвият дар ҲАТ
4.3 Узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизб ба қайд гирифта мешавад.
4.4 Ба узви ҲАТ билети ягонаи ҳизбӣ дода мешавад.
Созмонҳои ибтидоии ҲИИТ
6.1 Созмонҳои ибтидоии ҲИИТ тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар маҳали зист ё ҷои кор аз ҷониби на камтар аз 3 узви ҲИИТ таъсис дода мешавад ва дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб тасдиқ карда мешавад.
Созмонҳои ибтидоии ҲАТ
6.1 Созмонҳои ибтидоии ҲИИТ тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар маҳали зист ё ҷои кор аз ҷониби на камтар аз 3 узви ҲИИТ таъсис дода мешавад ва дар Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳизб тасдиқ карда мешавад, ба он ҳисоботдиҳанда мебошад.
Фаъолияти моливии ҲИИТ
9.3 Оид ба даромаду хароҷоти молиявии Ҳизб комиссия тафтишотию назоратӣ дар Анҷумани ҲИИТ ҳисобот медиҳад. Дар сурати зарурат комиссияи тафтишотию назоратӣ ба Шурои марказии Ҳизб ахборот пешниҳод менамояд.
9.3 Роҷеъ ба даромаду хароҷоти молиявии ҳизб комиссияи марказии тафтишотӣ дар Анҷумани ҲАТ ҳисобот медиҳад. Дар сурати зарурат, ба ҷаласаи Кумитаи марказии ҳизб ахборот пешниҳод карда мешавад.
Саволи аввалине, ки дар ин ҳолат пайдо мешавад, дигар аст: кадом ҳизб оинномаи худро аз дигари нусхабардорӣ кардааст? Барои посухи ин суол санаи номнавис гардидани ин ҳизбҳо дар Вазорати адлия ба мо кӯмак хоҳад кард. Аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 28-уми октябри соли 2005 сабти ном шудааст, Ҳизби аграрии Тоҷикистон бошад, 18 рӯз баъдтар, яъне 15-нобяри соли 2005.
Пас, хулосаатон чӣ мешавад?
Ғазаби Қароқулов ва оромии Бобоев
Вақте суоли мазкурро ба раиси ҲИИТ Олим Бобоев пешниҳод кардем, ӯ бо оромии ба худ хос посух дод, ки аз наздик будани оинномаи ду ҳизб набояд тааҷҷуб кард, зеро ин ду ҳизб бо ҳамдигар ҳамкории зич доранд. Аз ҷониби дигар самти фаъолияти онҳо низ ба ҳам хеле наздик аст. Аз ин рӯ, онҳо аксари мавзӯъҳоро ҳатто якҷоя баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи Бобоев, қонунгузории кишвар низ иҷозат медиҳад, ки оинномаи ду ҳизб ба ҳамдигар монанд бошад. Аммо ӯ бовар надорад, ки ду оинномаи ҳизб, яъне ҲАТ ва ҲИИТ комилан ба ҳамдигар монанд бошад. Раиси ҲИИТ мегӯяд, лоиҳаи оинномаи ҳизбашон ҳудуди 1,5 сол аз ҷониби таҳлилгарони ҳирфавӣ баррасӣ шудаву сипас анҷуман онро қабул кардааст. Вале вокунишу мавқеъгириҳои раиси Ҳизби агарии Тоҷикистон Амир Қароқулов, ки ба тамкину оромии ҳамешагии ӯ мо журналистон одат кардем, якбора моро ба ҳайрат овард. Ӯ бидуни ягон далел ба мо “исбот” кардан хост, ки бардоштҳои мо нодуруст аст ва оинномаи ин ду ҳизб ба ҳамдигар ягон монандие надоранд. Сабаби ғазаби Қароқуловро ба фикрам аллакай хонанда фаҳмид.
Шояд хулосаи хонандаи ин сатрҳо ин бишавад, ки чаро ба ин ду ҳизб мо таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир кардем. Ҷавоб ба ин савол аз ду паҳлӯ бармеояд. Аввалан оинномаи ҳеҷ кадоме аз 6 ҳизби дигари боқимондаи расмӣ чунин монандиҳоро надорад ва дувум тавре гуфтем, мо танҳо мехостем бифаҳмем, ки сабаби ҷаҳиши якбораи онҳо дар чист. Оё фаҳмидем?
Дар акс: Амир Қароқулов (Акс аз торнамои Озодӣ)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |