Дарёфти ҷасад аз бағоҷи мошин дар ноҳияи Рӯдакӣ
Мақомоти пулис аз дохили мошини “Опел-Астра” ҷасади соҳиби он Абдуллоев Ҷумахон Холназарович соли таваллудаш 1991-ро дарёфт кардаанд, ки баъди куштор дар бағоҷи мошин андохта шудааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, 1 апрели соли равон соати 16:20-дақиқа ин мошин таҳти идораи шахси номаълум дар дидбонгоҳи БДА, воқеъ дар ағбаи Фахробод ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, бо суръати баланд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард ва дар километри 30-юм дар наздикии деҳаи Алабайтали ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра” бармехӯрад.
Ин садама боис шудааст, ки мақомоти пулис мошини аз БДА фироркардаро тафтиш намоянд ва аз онҷо ҷасади Абдуллоев Ҷумахон Холназаров бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар қисмати рости қафаси сина дарёфт намудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тафтишотро аз рӯи ин қазия шахсан вазир генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон роҳбарӣ намуд ва ба таври фаврӣ ин ҷинояти вазнин ошкор карда шуд. Айни ҳол дар содир намудани ин куштор ҳамчун гумонбар шаҳрванд Ҷалолов Далер Зафарович соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ки пеш бо моддаҳои 374 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шудааст. Айни замон ба гуфтаи мақомот нисбати далели мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |