Бахшҳо

Видео: Маросими видоъ бо Пайванди Гулмуродзода дар Душанбе

Ҷанозаи Пайванди Гулмуродзода, донишманди шинохтаи тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки шаби гузашта аз дунё реҳлат кардааст, дар гӯристони "Чортут"-и Душанбе ба хок супурда шуд.

Ба қавли пайвандони ин донишманди тоҷик, ӯ бар асари сактаи қалбӣ дунёро падруд гуфтааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳамкоронаш дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, Пайванди Гулмуродзода рӯзи якшанбе, ҳафтуми апрел, ҳамроҳи онҳо дар як маҳфил ҳузур дошт.

Пайванди Гулмуродзода, ки 57 сол дошт, дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон ба дунё омада, соли 1973 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон шомил мешавад. Соли 1978 пас аз хатми донишгоҳ фаъолияташро дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз намудааст.



Муассис ва бунёдгузори фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии "Гули мурод" (1996) буда, муҳарририи нашрияи "Қалам" (1997-2001)-ро бар уҳда дошт. Муаллифи рисолаҳои "Публицистика и время" ва "Маорифпарварӣ ва низоми ҷаҳон", китобу васоити таълимии "Журналистикаи советии тоҷик" (ҳаммуаллиф), "Жанрҳои таҳлилии матбуот" (ҳаммуаллиф), "Ҳамосаи инсони кор" (ҳаммуаллиф) ва зиёда аз 100 мақолаи илмист. Ӯ дар таҳия ва баргардони осори адибони оғози садаи бист Абдуррауфи Фитрат, Сайидризо Ализода низ саҳм гузошта, китобҳои "Мунозара", "Шӯриши Восеъ", "Оила ё худ вазоифи хонадорӣ", "Баёноти сайёҳи ҳиндӣ", "Қоидаҳои забони тоҷикӣ"-и Фитрат ва "Маслаки мо ҳақ"-и Саидризо Ализодаро бо муқаддимаҳои муфассал чоп кардааст.

Гулмуродзода узви Иттиҳоди адибон ва журналистони Тоҷикистон буда, бо медали "Хидмати шоиста" ва унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадр шудааст.


Мӯҳр
шогирд
Худо устода рахмат ва чояшро чаннати човидона бигардонад инсони хубе буданд!

Марги сохибдил чахонеро далели кулфат аст. Устод Хочи Пайванди Гулмуродзода аз камтарин мухаккикони таърихи журналистикаи точик буданд, ки дар ин рох хизматхои шоёне боки гузоштаанд. Рисолаи доктории устод дар арафаи химоя буд, вале умр вафо накард, марги нобахангом риштаи умри устодро аз хаёт барканд. Худованд чояшонро чаннат гардонад, ба хама наздикон ва пайвандони устод аз даргохи илохи сабри чамил мехохам.

Иброхим
Аз шунидани ин хабар хеле андухгинам.Ба хама наздикони устод сабри чамил хохонам ва худо рахмату магфираташ гардонад!Хеле хотирахои зиед хаст аз даврони донишчуи ки устоди азиз декани факултаи рузноманигори буданд ва сахми эшон дар тарбияи донишомузони ин факулта хеле калон аст.ХУДОВАНД ЧОЯШОНРО ЧАННАТ ГАРДОНАД.

Донишҷӯ
Хонаи охиратат обод бод устоди меҳрубон!!!

хонаи охираташон ободу чояшон чанат бошад.Ба ахли оила ва еру дустон хамдарди изхор менамоям.

Gulmurodzoda saydali
Payvand amaki mexruboni man budand ammo kori xudo hamin budaast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)