Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дод.
Ин ҳизб, ки аз он ба унвони “ҳизби интеллектҳо ва иқтисоддонҳо” ном бурда мешавад, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба саҳнаи сиёсӣ меояд. Шавкат Бозоров, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, Маҳмудҷон Қосимов, Ҷамшед Ҳакимов, Мавҷуда Соҳибназарова ва Бахтиёр Баҳодуров низ аз ҷумлаи муассисони ин ҳизб будаанд.
Муассисони ҳизби Тоҷикистони нав дар эъломияи худ, ки рӯзи шашуми апрел пахш карданд, мегӯянд, “зарурати таъсиси ҳизб дар он аст, ки ҷомеаро ноумедӣ ба ояндаи беҳтар фаро гирифта истодааст. Нерӯи қобили меҳнат ва ақлонӣ торафт кишварро тарк мекунад ва умуман муҳити имрӯзаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон ба як паёми нав, идеяи нав, рӯҳияи нав, қадами нав, ташаббуси нав ва ташаккули нав ниёз дорад.” Онҳо дар идома афзудаанд, "мо талош мекунем, ки нерӯ, зеҳн, тахассус ва талошҳоямон барои ободии кишвар ва ба ҳамин самт равон сохтани нерӯҳои созандаи ҷомеа сарф гардад. Аз ин рӯ, Тоҷикистони нав чорчӯби баҳамовардаи шахсиятҳо, нигоҳҳо, истеъдодҳо, идея ва имкониятҳои созандаи миллӣ мебошад."