Бахшҳо

"Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон!"

Хонандаи азиз, як нома аз донишҷӯи тоҷик дар Ҳинд, Сайф Сафар, ба номи мо омадааст, ки наметавонем онро нодида бигирем. Сайф Сафар дар номаи худ вазъи донишҷӯёни тоҷикро бо донишҷӯёни хориҷӣ муқоиса карда, ба бархӯрди масъулони донишгоҳҳо ба донишомӯзон низ баҳо додааст. Ӯ қабл аз он ки барои таҳсил ба Ҳинд биравад, дар Тоҷикистон хондааст. Агар Шумо ҳам назаре ё матлабе доред, ба мо бифристед.


“Зуд омадаму дар девори Фейсбукам ин ҷумлаҳоро навиштам, ба ин маънӣ, ки дар ин ҷо донишҷӯён мехоҳанд профессорро аз мақомаш барканор кунанд, аммо ман замоне ҳатто натавонистам бигӯям: Устод, ин галстуки шик зеби тани Шумост, аммо барои ман азоб аст.”

Қазия ин буд. Дар донишгоҳе, ки таҳсил мекунам, донишҷӯи кашмиритабор бо номи Мудассир Комрон даст ба худкушӣ зад. Воқеа поси шаб ба вуқӯъ пайваст ва субҳи барвақт донишҷӯён, ҳамдарсон ва дӯстони донишгоҳии марҳум ба тазоҳурот шурӯъ карданд, ки зиёда аз як ҳафта тӯл кашид. Онҳо маъмурияти донишгоҳро дар ин воқеа муқассир медонистанд. Хосса он профессорро, ки ба қавли онҳо суитафоҳуми андаки Мудассир ва ҳамутоқияшро ба пулис кашондааст.

Ҳоло суроғи он намеравам, ки чӣ касе дар ин ҳодиса воқеан гунаҳкор аст. Мавзӯи матраҳ он аст, ки донишҷӯён то чӣ андоза аз фарҳанги ҳуқуқӣ бархӯрдоранду тавони дифоъ аз ҳуқуқашонро доранд, то садо баланд кунанд, дар пушти дари утоқи раиси донишгоҳ хайма зананд ба билохира ӯро берун кашанд.

Бо чашми сар дидани ин ҳама ҳақталошии ин ҷавонон маро ба ёди айёми донишҷӯиям дар Тоҷикистон бурд, ки он қадар вақти зиёде ҳам аз миён нагузаштааст ва аз ин лиҳоз метавон ин дуро ба осонӣ бо ҳам қиёс кард. Тафовут хело зиёд аст, чӣ аз лиҳози сатҳи таълим ва чӣ роҳбурдҳову сиёсатгузориҳои дигар. Аввалин чизе, ки зуд ба чашм хӯрд ин озодии комили сару либоси донишҷӯст. Яъне, ҳар либосе бароят роҳат аст, метавонӣ ба бар кунӣ, ки дар Тоҷикистон ин озодӣ ба ҷуз орзу чизи дигаре беш набуд. Баъзан ба хотири ҷуброн кардани он ҳама маҳдудиятҳое, ки дар Тоҷикистон бароям сохта буданд, бо шалвори кӯтоҳ (шорти) дар дарс ҳозир мешавам. Муҳимтар аз ҳама, дидани ин саҳнаҳои бо ҳам дар таззод ошкор сохт, ки симои зоҳирӣ, ҳамон галстуку шиму костюм, ҳеҷ нақше дар боло бурдани дониши муҳасиллин надоранд ва таваҷҷӯҳи бештари маорифпарварони мо ба ин, воқеан, ҳам шигифтангез аст. Агар таъсири андаке бар кайфияти донишандӯзии донишҷӯ медошт, ин мардум филфавр аз он кор мегирифт, чаро ки муддати ҳашт моҳи иқомат мушоҳида кардам, ин миллат дар ҷустуҷӯи чизҳое ҳастанд, ки дар воқеъ судоваранд. Фақат як посухе, ки устодон ҳамеша аз онҳо кор мегирифтанд, ин буд ки донишҷӯ бояд аз “бачаҳои кӯча” фарқ дошта бошад. Бале, боис ба таассуф аст, ки ин фарқиятро танҳо дар зоҳир медиданд ва, фикр мекунам, ҳоло ҳам ин тамоюл идома дорад.

Он ҳангом бисёр мехостам дар муқобили он устодон ва дигар маъмуроне, ки рӯи ҳатмӣ будани галстук ва дигар зоҳирбиниҳо зиёд таъкид мекарданд, чизе бигӯям, вале дар ин майдон худамро танҳо дидам. Дигарон ҳамеша мегуфтанд, ки ин қонун аст ва бар хилофи он амал кардан худ ҷиноят аст. Шӯрбахтона, имрӯз ҳар ҷумлае тасодуфие, ки дар рӯи коғаз мӯҳр хӯрд, қонун маҳсуб мешавад ва оддитарин озодии инсонро маҳдуд мекунад, аммо кас дар баробараш наметавонад ҳарфе бигӯяд, ба ҷуз аз побанди он будан. Далелаш ҳам адами донишҳои ҳуқуқии ҷавонони мост, ки имрӯз онҳоро ҳам дар хориҷ аз кишвар ва чӣ дар дохил мутеъ кардааст. Устодону масъулин низ дар фикри ин нестанд, ки аз иҷбор кор гирифтан иштибоҳ аст ва ҳамеша бароянди манфиро дар пай дорад. Мисолро аз худам меорам. Ҳамон галстуки иҷборӣ чунон азиятам медод, ки ҳаваси дарс рафтанамро пир ва рӯзҳои гармои Душанберо барои мани кӯҳистонӣ дучанд азиятбахш мекард. Тақрибан ҳама чиз ба таври ғайриихтиёрӣ сурат мегирифт. Зӯран ба театр мебурданд, ба маҳфилҳои илмӣ адабӣ ва амсоли инҳо ва натиҷааш ҳамон лаҳза эҳсос мешуд. Бачаҳои аз театр ё аз мавзӯи ин ё он маҳфил дур бо қасди гурехтан дар қаторҳои охири толор ҷой мегирифтанд ва пас аз хуш омадед гуфтани муҷрӣ барояш падруд мегуфтанд. Барои гурӯҳи дигар ҷойи роҳату муносибе буд, то ки аз кайфи нос ҳама чизро ба фаромӯшӣ супоранд. Дигаронаш ба кафкӯбиҳои пурмавҷ? вале бемавриди худ ба маҳфил “рангу таровати хоса мебахшиданд”. Шояд бо ин амал мехостанд, андаке ҳам бошад ба донишу ҷаҳонбинии он донишҷӯён биафзоянд, вале дар тӯли панҷ сол дар онҳо ҳеҷ тағйир дида намешуд. Аз ин хотир, бояд аз ин ба баъд аз баҳраш гузаранд. Илоҷаш танҳо ҳамин аст, ки замони дохил шудан ба донишгоҳ ҷавонони воқеан дорои дониши кофиро бояд баргузид ва ин кори панҷ соли ояндаро осон мекунад. Он донишҷӯ дигар на ниёз ба фарқ доштан аз “бачаҳои кӯча” дорад ва на зӯран ҳам ӯро ба инҷову онҷо намебарӣ.

Ростӣ, аз ин ҳама дилгир шудаму соли саввуми таҳсилам буд, ки аз он даст бардоштам. Рафтам хориҷ аз кишвар то илмро ба амал ёр кунам. Талош кардам, ки ба шӯъбаи рӯзона гузарам, вале чун лоббие надоштам айём ба комам начархид. Умед бар он доштам, ки дар муддати набудани ман, шояд навигариҳои чашмрасе сар задаанд. Дигар маро касе ба галстук бастан маҷбур намекунад, дигар касе мани кӯсаришро барои риштарошии ҳаррӯза фармон намедиҳад. Дигар маро касе барои пӯшидани ҷинс, ки либоси рузмарраи донишҷӯёни Ҳорварду Оксфорду Кембриҷ аст, танбеҳ намедиҳад. Пас аз ба саҳни донишгоҳ расидану дидани чанд ҷавон пай бурдам, ки гумонҳои фавқузикр хаёли хоме будаанд. Пас аз дидани як ҳамдарс, ки аз барои ба тан кардани либоси исломӣ аз донишгоҳ хориҷ шудаст. Боз ману он ҳамкурсдухтарам дубора донишҷӯ шудем. Ӯ аз тарс дигар либосҳои мамнӯъро ба бар намекунад, вале ман баъзан қонуншиканӣ мекардам. Рӯзе бо сару либоси “номувофиқ” иттифоқан рӯ ба рӯи муовини декани факулта афтодам. Тарафам нигоҳ карду гуфт: “Ин чист дар танат, инҷо барои ту Хитой нест, чизе дилат хоҳад мепӯшӣ”. Гуфтам: Кош мебуд ва зуд аз чашмаш панаҳ бурдам. Рафтам ба як гӯшаи даҳлези донишгоҳ ва аз он ҷо рӯ ба рӯди Варзоб кардаму ба худ гуфтам: “Рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон, ҳастӣ ҳамон”.

На, хонандаи гиромӣ, рӯди Варзоб гуноҳ надорад. Танҳо намод аст, минбаъд хонда шавад: Системаи маорифи Тоҷикистон!
Ба умеди бозгашти дубора ва дидани дигаргуниҳои куллӣ ва воқеан хирадмандона.

Сайф Сафар,
Донишҷӯ, Ҳинд”
Мӯҳр
Ба зери хар чумлаи ин навиштаи бадард метавон имзо кард! Вокеан, "буз галстук бандад хам, "алиф"-у "бе"-ро намешиносад! Зохирбинии хукуматдорони мо танхо дар риштаи маориф нест, дар хама сохахои зиндаги дида мешавад, аз мили баландтарини парчам, то кафкубихои пурмавчу бетаваккуфи бистсола!

Чиновникхову мансабдорону вазирони Точикистон дар вакташ дар мактабхои олии РСС Точикистон.бо либосхои одди-куртаи сафеди нейлониву шими сиёхи 7-суму 30-тина ва пойпушихои банддори истехсоли фабрикаи пойафзолбарории Душанбе тахсил мекарданд.Бисёре аз студентхо(донишчуён)и он солхо дар сархояшон токи пушида ба синфхонахои мактабхои оли дарсхони меомаданд.Хамаи донишчуён шароити онро надоштанд,ки хатто шиму костюм харанд.Садхо нафар бо шимхои дарзмол нокарда ва куртахои пахтагини одди дохили аудиаторияхо мешуданд."Прическа"хо хамааш кишлоки буд.Хамаи онхо танхо дар фикри дониш буданд.Агар мабодо донишчуе бо шими "чинс"у куртахои хоричии"табани" ё дигар хел намуди либосхои хоричи ба донишгоххо пайдо мешуд,деканати факультахо,дархол "развед"ка мекарданд. Умед факат ба пахтачини буд.Агар чолоку сабук пахтаи бисёр мечиди.музди мехнату стипендияхо яклухт чамъ мешуд ва донишчу сохиби пули "калон" мешуд.Галстук донишро зам намекунад.

Hardamkhayol
Устодони мо ва кормандони маориф гапро дар калла не дар салла гуфта истодаанд.Муҳим ақл аст, вале ин кавданҳо агар чи хонда бошанд ё доктору профессор бошанд ҳанӯз ҳам кӯдаканд ё ақли комил надоранд.

Бародар руд хамон асту хамон. лекин умедро аз даст мадех

собик донишчуйи ДМТ
дар вокеъ чунин буд ва имруз ман низ чун дар хорича тахсил дорам барои худ бисёр чизхоро мукоиса кардам, махсусан дарачаи тахсил, ДОНИШ ё САРУ ЛИБОС. барои сару либос шояд ман зид набошам аммо бояд гуфт ки мо бояд бештар ба илму шавки донишчуй дода шавем. Бародар Саиф Сафар комилан инсони донишманд аст ва у бехуда чунин суханхоро руй когаз наовардааст ва боз амсоли Сайф Сафар бисёр шахсоне буданд ва хастанд, ки хар руз як шикояте доранд, аммо эшонро касе гуш намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)