Истиқболи Омбудсмен аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Радаи олии Украина аз тасмими Додситонии кулли ин кишвар дар мавриди раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон ва истирдод нашуданаш ба Душанбе истиқбол кардааст.
Дафтари матбуоти Омбудсмен гуфтааст, Валерия Лутковская ба манзури дақиқ кардани сабабҳои боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов дар Украина қазияро таҳти назар гирифта, намояндаи худро барои дидор бо нахуствазири пешини Тоҷикистон ба боздоштгоҳи муваққатии Киев фиристода буд. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар ин суҳбат Абдуллоҷонов гуфтааст, "мақоми паноҳандагии сиёсии Амрикоро дарёфт карда ва дар ин маврид санади зарурӣ ҳам дорад, ки мутаасифона замони дастгир шудан ҳамроҳаш набуд".
"Дар муроҷиатномаи Лутковская, ки унвонии Додситонии кул ирсол шуд, эҳтимоли доштани мақоми паноҳандагии сиёсии Абдуллоҷонов зикр гардид",-омадааст дар номаи дафтари матбуотии Омбудсмени Украина.
Абдумалик Абдуллоҷонов, ки аз соли 1992 то 1995 нахуствазири Тоҷикистон буд, 5-уми феврал дар фурудгоҳи "Бориспол"-и Киев бо мусоидати пулиси байналмилалӣ, яъне Интерпол, боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунад. Аммо Додситонии кулли Украина шоми чоруми апрел Абдуллоҷоновро аз боздошт раҳо кард.
Зимнан, рӯзи гузашта, 5-уми апрел даҳҳо нафар дар назди Дафтари намояндагии Созмони Милал дар Душанбе ва сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон гирди ҳам омада, алайҳи раҳоии Абдуллоҷонов шиор медоданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |