Шабдолов: Шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, рӯзи чоруми апрел дар нишасти Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” дар бораи ҷанги дохилӣ, сарнагунии Ҳизби коммунист ва инчунин зудбоварии тоҷикон изҳори назар кард.
Ӯ дар ин сӯҳбати худ ҷанги дохилии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ дониста ва афзуд, хориҷиён аз зудбоварии тоҷикон дар ин замина истифода кардаанд.
Вай илова кард, “шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард. Моро ягон демократ сарнагун накард. Моро худи Комитети марказӣ сарнагун кард. Моро Горбачеву Елтсин сарнагун кард...”
Шодӣ Шабдолов ҳамчунин гуфт, миллати тоҷик ҳанӯз пухта нашудааст ва зудбоварияш метавонад онро боз ба бозиҳои бузургтаре бикашад. Дар ҳоле ки ба бовари ӯ, бозиҳои пинҳон ҳанӯз хотима наёфтаанд.
Сӯҳбати комили Шодӣ Шабдоловро дар ин навори видео бубинед:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |