Шикояти як донишҷӯи Донишгоҳи техникӣ аз “облава”

Як донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон имрӯз, панҷуми апрел, бо мо дар тамос шуда ва гуфт, гурӯҳе аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ӯро “облава” кардаанд. Шералӣ Нодиров мегӯяд, “ҳарчанд донишҷӯ будани худро ба онҳо мефаҳмондам, аммо ба гапҳоям гӯш намедоданд.
“Ин воқеа дар наздикии БДА (ГАИ), маҳаллаи 33-юми пойтахт, ба амал омад. Онҳо 5 нафар буданд ва маро қапида ба дохили «Тангем» маҷбур савор карданд. Вақте ба ҷонишини деканамон занг заданӣ шудам, маро раҳо карданд. Чунин амал на танҳо бо ман, бо дигар ҷавонҳо низ рух додааст, ки худ шоҳидаш будам»,-афзуд мусоҳиби мо.
Шикояти ин донишҷӯ аз “облава” дар ҳоле садо медиҳад, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон донишҷӯён то замони хатми таҳсил ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ва гузашта аз ин ба таври “облава” ҷалб намешаванд.
Бояд гуфт, дар авохири моҳи марти соли ҷорӣ фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати баҳорӣ ба артиш нашр шуд. Даъвати баҳорӣ аз моҳи апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |