Вазир мегӯяд, иҷрои CASA-1000-ро вазъи Афғонистон ба таъхир гузошт
Роҳандозии тарҳи CASA-1000 ба далели ноамнии Афғонистон ба таъхир меафтад. Ин нуктаро Автандил Қалмамбетов, вазири энергетикаи Қирғизистон баён доштааст.
Номбурда зимни ҷаласаи парлумонии фраксияи «Республика» гуфтааст, «тарҳи CASA-1000 танҳо дар сурати таъмини амният ва таҳкими Афғонистон роҳандозӣ хоҳад шуд».
Ба қавли вазири қирғиз кишвараш ба роҳандозии тарҳи CASA-1000 манфиатдор аст, чун тариқи он дар фасли сармо миқдори барқи барзиёдро содирот мекунад.
Бино ба лоиҳа хатти баландшиддати 1000 мегаватта, мавсум ба CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон то Афғонистону Покистон ба дарозии 750 километр кашида мешавад. Тибқи хабарҳои расида, барои иҷрои тарҳи CASA-1000 беш аз 900 миллион доллар зарур аст, ки бояд ҳудуди 200 миллион доллари онро Тоҷикистон ва ҳамин миқдорро Қирғизистон пардохт намояд. Гуфта мешавад, ин маболиғро Тоҷикистону Қирғизистон аз ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ қарз хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |