Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон, рӯзи чоруми апрел дар маҳфили Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта ва вазъияти кунунии кишвар сӯҳбат кард. Ҳоло қисме аз ин ҳарфҳои ҷаноби Искандаровро дар шакли матну видео манзури Шумо мекунем.
Искандаров ва ҷанги солҳои 90
“Аз ҷанги шаҳрвандӣ 20 сол гузашт. Фикр мекунам, ҳоло фурсате ҳаст, то муаррихону сиёсатшиносон як таҳлили амиқи илмӣ гузаронанд. Аз ин даргириҳои солҳои 90-ум мо бояд сабақе барои насли дигар омода кунем, то онҳо бидонанд, ки чӣ шуд ва бо айби кӣ. Ба назари манн, дар он ҷанг ҳамаи мо гунаҳкор ҳастем. Онҷо, албатта, сабабҳои объективӣ ва субъективӣ буданд. Чаро ман чанд бор иҷрокунандаи ин вазифа шудам? Ин маънои онро надорад, ки дигарон набуданд. Маро Раҳмон Набиев даъват карда ва гуфтанд, ки вазифаро муваққатан ба зимма бигиред, то ман ба интихобот биравам. Чанд боре, ки ман ба ҳайси раҳбари Шӯрои Олӣ кор мекардам, ҳеч замон рӯзномаи корӣ надоштам. Одатан рӯзномаро дар майдон ва ё дар рафти ҷаласа омода мекарданд. Ҳодисаҳои баҳманмоҳ (февралӣ) боиси аз байн бурдани ҳамдигарфаҳмӣ буд. Гуруҳи бохта бо натиҷаи интихобот норозӣ буданд. Ба назари шахсии ман баъд аз интихобот нагузоштанд, ки Раҳмон Набиев ба таври лозимӣ фаъолияти худро анҷом бидиҳад. Ҳатман дар ҳар ҷое ҳамарӯза гирдиҳамоиҳо баргузор мегардид, манзурам, монеаҳое эҷод мекарданд, то вазифаашро анҷом надиҳад. Сабаби дигаре, ки Раҳмон Набиев аз вазифааш даст кашид, ин масъалаи демократикунии ҷомеа нисбат ба роҳ монда шуда буд, ки ҳама фикри худро мегуфтанд. Дигар ин маданияти пасти сиёсии аксарияти мардуми мо мебошад. Ҳар нафаре, ки танқид мекард, ӯро ҳамчун душман қабул доштанд.”
Искандаров ва изҳори таассуф
“Давраҳое, ки бо Раҳмон Набиев кор мекардем, бисёр кӯшишҳо буд, то сулҳ барқарор шавад. Мақомоти интизомии мо он замон умуман амал намекарданд. Аз давраи собиқ Шӯравӣ мо чизе надоштем. Кормандони Вазорати умури дохилӣ ҳатто таппончае надоштанд. Ман, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олӣ будам, ду муҳофиз доштам. Дар ҳоле ки ҳар гурӯҳе назди ман меомад, то 20 муҳофиз дошт. Маро Раҳмон Набиев даъват карда гуфтанд, ки президиумро ҷамъ кунед ва ба Хуҷанд меравем, то маслиҳат кунем. Он давра раёсати призидуми Шӯрои Олӣ он тавр набуд, ки зуд ҷамъ шуда бираванд. Мо гуфтем, ки ҳар касе намехоҳад аризаашро бидиҳаду барояд. Аз ҳамон ҷо ба фурудгоҳ рафтем, чанд нафар хоҳиш надоштанд. Фурудгоҳ дар иҳота буд. Ҳамон замон ман ба Кумитаи амният занг зада гуфтам, ки раисиҷумҳурро дар иҳота гирифтаанд, шумо дар куҷоед. Дар ҷавоб ба ман генерал Шарипов гуфтанд, ки ба ман раисҷумҳур нагуфтааст, ки ба куҷо меравад, ман намедонам. Баъд ба ВУД занг задам. Аз он ҷо ба назди мо 2-3 БТР омад. Ҳайрон шудам, ки акнун аҳволи ман чӣ мешуда бошад. Ба назари ман имкони пешгирӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳар сурат вуҷуд дошт. Танҳо дар он сурате, ки агар дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои оли раҳбарияти ҷадид ба Хуҷанд на тавассути Тошканд, балки аз Душанбе ворид мешуданд. Ҳар коре аз дастамон меомад, анҷом додем. Бори дигар аз мардуми Тоҷикистон, ки дар ҷаласа узр пурсида будам, боз такрор мекунам. Мутаасифам, ки пеши ҳамон ҷангро гирифта натавонистам. Ҳоло ҳарду тараф маро гунаҳкор мекунад. Баъзеҳо андеша доранд, ки ҷанг танҳо ба хотири бунёди давлати исломӣ буд, ки ин иштибоҳе беш нест. Ҷанг танҳо барои мансабу курсӣ буд. Барои ҳамин, мо ҳам гуфтем, то курсиҳоро бигиранду ҷангро хотима бахшанд.”
Искандаров ва интихобот
“Ба назари ман, интихоботи ҳамон давра озодтар буд. Даъвати ман аз ҳукумати феълӣ ҳамин аст, ки миёни номзадҳои эҳтимолии интихоботи президентӣ душманҷӯӣ нашавад. Имконият фароҳам оварда шавад, то номзадхо озодона барои пирӯзӣ мубориза бубаранд. Ҳамчунин ҳукумат барои баргузории интихоботи дар пеш истода шароити мусоид фароҳам оварад. Пешниҳодҳо дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот пазируфта шавад.”