Тоҷикистон як шаҳрванди Туркияро депорт кард
Як гуруҳ аз шаҳрвандони Чин дар вилояти Суғд бо иттиҳоми иқомати ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора ба «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти чиноиҳо дар доираи як амалиёти вижа сурат гирифтааст. «Маълум гардид, ки онҳо дар ҶДММ «Ҷин Чен»-и ноҳияи Спитамен бе иҷозати кор ва қайди муваққатӣ фаъолият мебурдаанд. Дар ҷараёни ин санҷиш ҳамчунин дар ҶДММ «Анто» низ фаъолияти ғайриқонунии 3 шаҳрванди Чин ошкор гардид, ки бидуни иҷозатномаи кор ва қайди муваққат фаъолият доштанд»,-гуфтанд аз Хадамоти муҳоҷират.
Нисбат ба 7 шаҳрванди Чин бо моддаҳои 138 қисми 3, 449, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда оғоз гардид ва аз онҳо ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шуд: «Дар рафти гузаронидани санҷиш шаҳрванди ҷумҳурии Туркия- Камбер Мухтар, ки қаблан дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дастгир ва аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуд».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |