Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Пулиси Тошканд барои ду ҷинояткор 5 миллион ваъда кардааст
Мақомоти пулиси шаҳри Тошканд барои кӯмак дар пайдо намудани ду ҷинояткор, ки дар содир намудани беш аз 20 ҷиноят муттаҳам мешаванд, 5 миллион суми узбакӣ ваъда додаанд, ки муодили 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.
Тавре расонаҳои узбакӣ иттилоъ медиҳанд, гумонбаршудагон худро кормандони хадамоти коммуналӣ муаррифӣ намуда, даст ба ғорати занони пиронсоли танҳомонда мезананд. Инчунин дар беш аз 20 мавриди куштор айбдор дониста мешаванд, ки миёни онҳо кӯдакон низ ба шумор меравад.
Мувофиқи маълумоти пулиси шаҳри Тошканд, ки фотороботи гумонбаршудагонро паҳн кардааст, ин ду ҷинояткор, як зан тақрибан 25-30-сола ва мард 40-45-сола мебошанд, ки афти осиёӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |