Муовини вазир: 12 ҳазор километр роҳ 'бесоҳиб' аст
Шералӣ Ганҷалов, муовини нави вазири нақлиёт, ки ахиран аз ҷониби президент ба ин симмат таъин шуд, зимни як нишаст дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 12 ҳазору 350 киллометр роҳро дар кишвар бесоҳиб арзёбӣ кард, ки ин қариб нисфи роҳҳои автомобилгарди кишварро ташкил медиҳад.
Ба иттилои сомонаи Вазорати нақлиёт, Ганҷалов ташреҳ додааст, ки “ин роҳҳое мебошанд, ки солҳои Шӯравӣ дар мувозинаи колхозу савхозҳо ва корхонаву муассисаҳои алоҳида қарор дошта, айни ҳол соҳиби аслии худро надоранд.” Ганҷалов афзуд, ки айни ҳол бо дастури ҳукумати Тоҷикистон ин роҳҳо ба тавозуни вазорати нақлиёт гузашта истодаанд: “Аллакай 59, 84 км роҳҳои автомобилгард ва 4 адад пулҳо ба мувозина қабул карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.”
Муовини вазир дар маҷмуъ дарозии роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистонро 26 ҳазору 424, 9 км роҳ арзёбӣ намудааст. Дар мавриди тарҳҳои нави бахши нақлиёт муовини нави вазир, афзудааст, ки “ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида, дар доираи он тарҳи 1547 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла, 638,4 км роҳҳои маҳаллӣ, 4 адад нақб бо дарозии 13519 метр пулҳо бо дарозии 627 метр ва 21 адад долони зиддитармавӣ бо дарозии 3440 метр сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҳама падидаи асосӣ мавриди истифода қарор дода шудани нақби Шаҳристон бо тӯли 5253 метр буда, 27 октябри соли 2012 бо иштироки Сарвари давлат ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа масофаи роҳ ба дарозии 18 км кӯтоҳ гардид. Айни замон дар ҷумҳурӣ 11 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амал қарор доранд, ки дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас мебошанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |