Талаби 20 соли зиндон ба қотили шаҳрванди Тоҷикистон
Додситонии вилояти Самараи Русия барои Александр Николаев, сокини ин вилоят, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл расонидааст, хостори 20 соли зиндон шуд.
Тавре сомонаи расмии додситонии Самара иттилоъ медиҳад, Николаев ба иттиҳоми куштори барқасдонаи як муҳоҷири тоҷик, ки дар пайи танаффур ва бадбинӣ анҷом ёфтааст, гунаҳгор дониста мешавад. Аз ин рӯ, мақомоти додситонии вилояти Самар хостааст, то Николаев ба 20 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Ба гуфтаи Надежда Исмоилова, додситони ин парванда, Александр Николаев бо эҳсоси миллигароӣ ва бадбинии муҳоҷирони хориҷӣ рӯзи 10-уми сентябри соли 2011 бо зарби корд шаҳрванди Тоҷикистонро ба қатл расонидааст. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди рус қаблан ба иттиҳоми ҳамла ба қароргоҳи пулис ва оташ задани автомашинае дастгир шуда будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |