Бахшҳо
04 апр 2013 11:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Саволи Шумо ба НУРИДДИН САИДОВ

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, изҳори омодагӣ кард, ки ба суоли хонандагон дар бораи вазъи маориф, илм ва мактабҳо посух бигӯяд. Ҷаноби Саидов аз моҳи январи соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 1956 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм мекунад. Ҳоло доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон мебошад.

Вай то омаданаш ба Вазорати маориф чаҳор сол раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
Мухтарам Вазир, Оё шумо хабар доред, ки мактабхои шахри Вахдат, аз мохи Сентябри 2012 то инчониб, ба гайр аз маош дигар ягон моддахои харчномаашонро нагирифтаанд. Аз шумо хохиш мекардем, ки ба ин масъала
тавачух зохир намоед.

Бо эхтиром муаллими мактаби миенаи нохияи Вахдат.

Мухтарам Вазири Маориф барои чи хулосаи комисияеки донишгохоро тафтиш намуда факат самти ба дарсхо дермони ва либоспушии доншчуёнро бахо додаанд. Дар системаи таълимии донишгохо хело камбудихо зиёд астанд. Агар мо нопушида гирем окибад чи мешавад? Нисбати камбудихоеки камисия ошкор сохт чи чорахо аз тарафи донишгохо андешида шуд? Барои чи дар донишгохо то 5-6 давраи кабули имтихонхои сесияви ташкил мекунанд? (Хусусан ин аз чониби проректорон оид ба таълим рохандози мегардад)

Cалом, вазири мухтарам! Хохарчаи ман дар факултаи забонхои Осиё ва Аврупо, дар курси 3 тахсил дорад, чи хеле, ки худи шумо гуфта будед, агар бо бахои аъло тахсил кунад, хамчун аз оилаи омузгор аз пардохти шартномаи тахсил озод ва ё хадди акал 50% сабук хохед кард. Аризаамонро Фарход Рахимов имзо карданд, вале ректори кунунии ДМТ ба аз шартнома озод ва ё 50 дар сад сабукиро рад намуд. Мехостам, ки ба ин масъала рушани андозед, ки дар кадом холат донишчу аз пардохти шартнома озод ва ё 50 дар сад сабуки карда мешавад?

Салом чаноби вазир савохои ман чунин аст.
1.Чуноне ки Шумо иттилоъ доред дар Донишгохи омузгори пушидни калуш ва иринкаро манъ карданд. Шумо ба ин чи гуфтаниед...
2. Дар борои чи сатху сифати хонандагони мактиба миена дар кашварамон паст аст, ва шумо роххои пешравиро дар чи мебинед.
3. барои чи китобхои дарси барои хонандагони мактаб ба талабот чавоб гу нест(программаи дарси ки синфи 1 ки мо мехоненд дар Россия барои сину солхои 5-6 чунин программа доранд)
4 Дар вакти ректор донишгох будани шумо дар ДМТ барои чи профессорон аз кор рафтанд.
5. Шумо дар ин вазифае ки холо доред кори худро каноатбахш хисоб мекуед.
6, Шумо худ фарзанд доред барои чи дар донишгоххо кудакони дигаронро бо руймол рох намедихед.(чи магар шумо мусалмон нестед узрбарои чунин суханхои сахт чаноби вазар)
7, Дар кишлоки ман зандаги мекунам бмааллимони ончо аз аввали бахаор то тирамох ма россия ва дигар шахрро мераванд ое музди маоши муаллимон кай зиед мешавад ва чаро барои нарафтани онхо ба масков шумо ягон пешгири намекунед. Килок (нохияи Айни кишлоки РЕВАД, ЁВОН ВА ВОТА)
8. Дар кишлоки вота ду сол шуд ки як сохтмони ниммаро пурра кардан наметавонанд. (Сабаб дар чи аст чаноби вазир) Шояд аз бемасъулиятии кормандони Шумо ё худи Шумо???????
9. Дар шахри душане литсейхо хастанд вале нархи онхо аз 200-3500$ дар сол хастан пас мо бо маоше ки 500-800 сомони чи тавр кудакони худро дар ин мактабхо монем....
10.монанд ба саволи 9 чаро нархномаи дар донишгоххо аз 600 то 3500$ хаст.
ОЗОДАГОН илтимос хамин саволхоро чап кунетон

салом! Вазири маориф гуфта метавнед, ки имруз имтихонхои кабул дар донишгоххо шаффоф ба рох монда мешаванд.?

Вазири мухтарам Саидов Нуриддин!!!

ман ба Шумо 2 савол дорам.
ман устоди донишгох хастам, мехостам дар бобати системаи PhD- дар Чумхурии Точикистон хусусан дар риштаи иктисодиёт маълумот медодед. Тартиби амал кардан, тахсил ва химояи рисолаи PhD дар мактабхои оли...

Ва дигар савол дар бобати низоми кредитии таълим. Дар ЧТ баъдаз рохандози шудани низоми кредитии таълим сифати таълим хам то андозае рушд кардааст. Аммо якчанд камбудихоеро дорад, ки аз назари тачрибаи давлатхои Аврупо ислох талаб аст. Пеш аз хама Рейтинги фосилавиро бояд сокит кард чун, ки ба гайр пул чамъ кунии устодон дигар чизе беш нест.

Саломат ва сарбаланд бошенд

Абдуллох
Мухтарам вазир: шумо гуфта метавонед, ки барои чи духтароне, ки бо хичоб ба донишгоххо мераванд рох дода намешаванд е аз донишгох хорич карда мешаванд. Чаро духтароне ки бо либосхои танг (аъзои бадани онхо намоен аст) хеч чиз намегуянд е намегуед???

Мутарам Вазир!
Писари ман дар гимназияи президентии шахри Душанбе воеъ дар наздикии Автовокзал тахсил мекунад. Новобаста ба он ки мо дар як сол 4000 (чор хазор) сомони хакки тахсилро мусопорем боз барои туб, бур ва ашёхои дигар аз фарзандони мо пул чамъ мекунанд. Ё чунин рафтори муаллимон дар доираи конун аст? Аз мо барои чи дар як сол 4000 сомони мегиранд, вакте ки хатто барои бури мактаб пул намеёбанд?

Манучер
Чаноби Н. С. Дар донишгоххо хар руз тафтиш мекунанд, ки донишчу галстук дорад е надорад е ришаш гирифтаги е не, чаро ягонбор тафтиш намекунанд, ки донишчу савод дорад е надорад, навиштан е хондан метавонад е не?

Ман дар наздикии Донишгохи Давлатии ш Петербург кор мекунам ва хар пагох мебинам донишчудухтарони мусулмон сатр пушида ба донишгох меояндва касе онхоро аз дарс хорич намекунад хол онки зиёда аз 90% ахолии Русия насрони яхуди ва пайравони дигар динхоянд Барои чи дар Точикистони мо ки зиёда аз 90 % ахоли мусулмонанд лекин омадани духтарон ба донишгох бо сатр маън аст ? дар донишгоххои шахрхои Махачкалъа ва Грозний низ донишчуён либосхои исломи ба бар мекунанд ва касе онхоро аз дарс намеронад .

Вазири мӯҳтарам, ба шумо савол дорам: 1) Мавқеи шумо нисбати омӯзиши маърифати ислом дар макотибҳои Ҷумҳурӣ; 2) Чуноне,ки мебинем бо баланд бардоштани маош ҳеҷ не, ки ҳоли мактабҳо бо қадри зарурӣ беҳтар гарданд. Оё Вазорат дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурӣ роҳҳои дигари беҳтарсозии мактабу маорифро медонад? 3) Доимо аз забони мақомоти давлатӣ мешунавем, ки "маориф самти асосии фаолияти ҳукумат аст". Чаро то ҳол ин мушкилӣ ҳали худро наёфтааст? Сабабҳои онро дар чӣ мебинед? 4) Дар мактабҳо аксарият кадрҳои нолоиқ боқӣ мондаанд. Ба тарзи дигар гӯем танҳо касоне, ки ба Русия рафта наметавонанд ва ғайрикасбианд дар мактабҳо дарс мегӯянд. Ҳатто дар мактабҳои марказии ноҳияҳо омӯзгорон намерасанд ё ғайримутахасису ғайриихтисос "дарс" мегӯянд. Дар ин самт бо роҳбарии шумо чӣ корҳо анҷом ёфт ва чӣ нақшаҳо доред? 5) Бо пайдо шудани гимназияву литсейҳо гумон доштем дар ин гуна мактабҳо танҳо хонандагони қобилиятнок ҷалб карда мешаванд. Аммо афсӯс, ки аксарияти хонандагони ин гуна мактабҳо на бо саводу лаёқати худ,балки бо роҳҳои гуногун дохил мешаванд ва сатҳи донишандӯзии хонандагони онҳо низ дар сатҳи ниҳоят паст аст. Гумон мекардем бо пулакӣ шудани таълим сифати он низ беҳтар мегардад. Аммо мутаасифона баракс шуд. Оиди ин мушкилот чӣ андеша доред ва чора дар чист?

Салом вазири мухтарам ба суоли ман чавоб гуед чаро шумо зиди сатр хастед ки аъзои бадани духтархо пинхонаст ва ин фарзи Иллохсит ва дар сураи Нур ояи 31 омадааст шумо зид мебароед ое шумо мусалмон нестед е дар дилатон бар зиди Ислом кинае дрред? Чаро дар дигар давлатхои тараки карда ба сару либос ахмият намедиханд балки ба савод ахмият медиханд а шумо бошед баръакс мекунед? Чаро шартномахо дар макотиби оли баланданд лек сатхи дониш дар сатхи бисер паст? Чаро ба мактабхои миена ахмият намедихед хол он ки фундаменти шахс аз мактаб сар мешавад шумо ягон кушише намекунед? Илтимос озодагон чоп кунед. Бо эхтиром Сарвиноз.

Донишчу
Саволи банда дар бораи фурухтани квотахои президентй. Хангоме, ки тобистон озмун барои квота баргузор мешавад алакай малум аст, ки ки мегирад квотаро. Ин хариду фуруш дар вазорат анчом меёбад?

диловари дангараги
мухтарам вазир, як чизро фахмидани будам,чаро дар мактабхои миёна маьрифати исломро рад кардед? оё намедонед ки агар ичоза медодед ба фойдаи хам давлат буду хам мардум ки аз ифротгарои дур меистоданд!шумо фикр мекунед агар ичоза дода шава точикистон исломи мешава?ман хамчун як шахси мусалмон тарафдори давлати исломи нестам лекин АЛХАМДУЛИЛЛОХ МУСАЛМОНАМ, ббарои чи китоби дунёи кадими синфи 5 ки пур аз суханони бардуруг аст(бардуруг буданаша баьди хатми мактаб фахмидам ки мо на инки китоби дарси хамчун як афсонаи бардуруг хондаем)хамчун китоби дарси ичоза аст?шумо баьди таин шудан ба ин вазифа ,ваьда дода будедки дипломи донишгохоро ба чомеаи байналмилали мехезонам аммо афсус дида истодаем ки хеч пешравие нест, барьакс конунхои пучеро мебароред ки одамро аз шуниданаш хандаш мегира( ба монанди калучу пушоку и т д) , оё шумо ба ваьдаи додаатон вафо мекунед(ай вада гуш кадара шапшзанак шдагием)??

Салом вазири мухтарам. Савол1. Омузгорони чавон кадом хукукхо ва ба чи имтиёзхо бархурдоранд? 2. Як соати дарси ва тафтиши дафтар дар мактабхои миёнаи дехот(кишлок)чанд сомонро ташшкил медихад бо фоиз ва маблагаш гуед? 3. Аз гушшаи маоши омузгорон барои Хизб маблаг мегиранд ин аз руи конун аст агар бошад чанд сомониро ташкил медихад? 4. Муаллимони нафакахур дар мактабхои миёна омузгори мекунанд чоиз аст? Озодагон илтимоси зиёд чоп кунед бисёр зарур аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)