Нахустин ихтиёриён аз Кӯлоб ба хидмати ҳарбӣ сафарбар шуданд
40-тан аз ҷавонони кӯлобӣ ихтиёран қасди хидмати сарбозӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси шаҳри Кӯлоб, рӯзи 2-юми апрел барои нахустин маротиба дар мавсими имсола 40 нафар аз чавонони маҳаллӣ бо хоҳиши худ азми хизмат кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ дар маросими сафарбаркунии ин наваскарон шаҳрдори Кӯлоб, Абдуғаффор Раҳмонов суханронӣ намуда, чавононро ба ҳифзи марзу буми кишвар даъват намудааст. Сафарбаркунии нахустин наваскарони имсола аз Кӯлоб бо ҳузури иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорони меҳнат ва падару модарон сурат гирифтааст.
Дар охир, чун анъана барои наваскарон аз чониби мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сару либоси варзишӣ тақдим гардидаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |