Вазир аз Бунёди Оғохон хост, татбиқи "Санобод"-ро тезонад
Гул Шералӣ, вазири энеркетика ва саноат бо Карим Хоҷа, раиси минтақаи Осиё – Шабакаи рушди саноат ва инфрасохтори Фонди Оғохон ва Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи доимии ташкилоти Оғохон дар Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Тавре аз вазорати мазкур ба «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни вохурӣ ҷонибҳо асосноккунии техникию –иқтисодии (АТИ) НБО-и Санобод ва АТИ-и НБО-и «Себзор», нерўгоҳҳои хурд ва ташкили корхонаҳои муштараки коркарди меваҷотро дар вилояти Хатлон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Ҷониби Тоҷикистон дархост кардааст, ки Хазинаи Оғохон муаррифии асосноккунии техникию –иқтисодии НБО-ҳои Санободу Себзорро дар рўзҳои наздик амалӣ кунад.
Бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт дар ноҳияи Рошқалъа ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санобод дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон бо иқтидори 100 – 150 мегаватт ба нақша гирифта шудааст. Арзиши пешакии ин ду тарҳ наздик ба 300 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |