Русия гуфт, парвози ҳавопаймоҳои Узбакистонро маҳдуд мекунад
Эҳтимол парвози хатсайрҳои ҳавопаймоии Узбакистон ба Русия маҳдуд шавад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мақомоти Маскав гуфтаанд, агар ҷониби Узбакистон уҳдадориҳои худро дар мавриди интиқоли маблағи ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба кишварашон иҷро нанамояд, аз 20-уми апрел парвози хатсайрҳои узбакӣ ба Русия манъ карда мешавад.
Русия таъкид намудааст, ки ҷониби Узбакистон бояд, то 15-уми апрели соли ҷорӣ тамоми маблағи ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба ин кишвар интиқол бидиҳад.
Гуфта мешавад, бар асоси маҳдудиятҳои қонунгузории Узбакистон ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ дар мавриди интиқоли маблағҳои чиптаҳои худ, ки дар қаламрави ин кишвар фурӯхта мешаванд, ба мушкил рӯбарӯянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |