Эмомалӣ Раҳмон барои чор соли дигар президент шуд
Имрӯз, 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи ҳисоботию интихоботии Ассамблеяи XIII кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмонро аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии кишвар ягона номзад ба ин вазифа пешбарӣ карда буданд ва бар асоси Оинномаи КМО ҶТ президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои чаҳор сол (2013-2016) интихоб шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур ба фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар 4-соли пешин баҳои қаноатбахш дода, ҳамзамон аъзои нави кумитаи иҷроияи КМО ҶТ ва аъзои Комиссияи назорату тафтишоти КМО ҶТ-ро барои 4-соли интихоб намуданд: “Бо пешниҳоди президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов муовини аввали президент, Баҳрулло Раҷабалиев дабири кулл ва Муҳаммадшо Абдуллоев мудири кулли КМО ҶТ таъин гардиданд.”
Манбаъ илова намуд, ки Федератсияҳои миллии намудҳои олимпӣ - бокс, варзиши сабук, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо, таеквон-до WTF ва футбол аъзои кумитаи иҷроияи КМО ҶТ интихоб шуданд: “Роҳбарони мақомоти давлатӣ, федератсияҳою созмонҳои варзишӣ ва сарпарастон, ки дар рушди варзиш ва тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар кишвар саҳмгузоранд, Сипосномаи КМО ҶТ супурда шуд. Мураббиёни беҳтарин низ бо мукофоти молӣ қадр карда шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |