Талоши ВКД барои ҷилавгирӣ аз паҳн намудани маълумоти шахсии сокинон
Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки барои паҳн намудани маълумоти шахсии шаҳрвандон ҷазои ҷиноӣ роҳандозӣ шавад.
Тавре расонаҳои қазоқӣ менависанд Ерлик Кененбаев, муовини вазири умури дохилии Қазоқистон, дирӯз, 2-юми апрел изҳор доштааст, ки барои пешгирии паҳн гардидани маълумоти шахсии шаҳрвандон, бояд барои дастандаркорон ҷазои ҷиноӣ муқаррар карда шавад.
Ба гуфтаи муовини вазири умури дохилаи Қазоқистон, то кунун дар ин кишвар барои ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳеч қонуне пешбинӣ нашудааст.«Шаҳрванд баъд аз таваллуд шаҳодатнома дастрас менамояд, ба мактаб меравад, баъд аз хатми таҳсил дар ягон муассиса ё корхонае фаъолияти кории худро шуруъ мекунад, ки ин ҳама(иттилоот дар бораи муассиса ё худ корхона ва худи шаҳрванд) маълумоти шахсӣ маҳсуб меёбанд ва барои ҳифзи онҳо бояд қонуне таҳия намуд.»-афзудааст Кененбаев.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |