Абдуҷаббор Раҳмонов ба донишҷӯёни "қарздор" кумак ваъда кард
Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи касабаи донишҷўён ба 18 нафар муҳассилини ятими муассисаи зертобеаш маводи ғизоӣ кӯмак кардааст.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон иттилоъ доданд, Раҳмонов бо ятимон вохўрӣ намуда, аз шароити рўзгору таҳсилашон пурсон шудааст. Зимни суҳбат маълум гардидааст, ки дар миёни донишҷўёни ятим нафарони аз фанҳои таълимӣ қарздор низ ҳастанд. Ректори донишгоҳ гуфтааст, ба донишҷўёни ятим дар супоридани имтиҳоноти монда кўмак мерасонад ва шартан таъкид кардааст, ки онҳо бояд бепарво набуда, бештар ба мутолиа машғул шаванд.
Раҳмонов илова кардааст, ки ҳар ниёзманд ба ҷои хоб метавонад шахсан ба ӯ муроҷиат кунад ва ӯ ҳатман онҳоро бо ҳуҷра таъмин месозад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |