Хадамоти муҳоҷират Абдулло Қодириро муҷозот кард
Раҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон сухангӯи ин ниҳод Абдулло Қодириро барои роҳ надодани хабарнигорон, аз ҷумла хабарнигори "Озодагон" ба нишасти матбуотӣ муҷозот кардааст. Хадамот дар номаи худ, ки ба унвонии "Озодагон" фиристод, гуфтааст, аз Абдулло Қодирӣ тақозо шуд, дар оянда ба чунин қонунвайронкуниҳо роҳ надиҳад.
Дар номаи расмии ин ниҳод, ки бо имзои С.Абдуллоев, муовини раиси Хадамоти муҳоҷират дастраси мо шуд, омадааст: "Ба хотири нофаҳмие, ки байни кормандони Хадамоти муҳоҷират ва намояндагони Хабаргузории «Озодагон», рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» дар масъалаи иштирок дар нишасти матбуотӣ (31.01.2013) рух дода буд, қайд карданием, ки аз тарафи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба Сардори Шӯъбаи робита ба ҷомеа ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд."
Дар поёни нома омадааст, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабаргузории "Озодагон", рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» ҳамкорӣ менамояд ва дар ҳама ҳолат омодааст, ки оид ба фаъолияти хадамот ба саволҳои онҳо посух бидиҳад.
Ёдрас менамоем, 31-уми январи соли 2013 Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид шудани хабарнигорони "Озодагон", рӯзномаи «Имрӯз News» ва нашрияи «Наҷот» ҷилавгирӣ карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |