Нашрияи «Росийская газета» ахиран, номи ашхос ва рӯйхати ташкилотҳои сарпарасти амалҳои терористиро нашр кард.
Аз ҷумла 401 нафар ва 104 ташкилоти хориҷие низ ба ин феҳраст шомил будаанд, ки Русия номи онҳоро бо забони русӣ сарпарасти терроризм навиштааст . Тавре худи масъулини ин нашрия гуфтаанд, қисмате аз ин рӯйхатро вазорати адлияи Русия манзур намудааст ва қисмати сарпарастони терорризми байналхалқиро аз рӯи маълумоти расмии СММ мураттаб кардаанд.
Ҳамчунин, маълумоти сареҳе дар бораи фасоди молии ин ташкилотҳо низ ба табъ расидааст, ки ниҳодҳои молиявӣ дар мавриди доир намудани амалиётҳои бонкӣ метавонанд, аз он васеъ истифода кунанд, гуфтаанд, масъулини «Росийская газета».
Дар рӯйхат 46 созмони фаъоли Русия ва 1510 нафар ашхос номнавис шудаанд, ки дар Русия ба сар мебаранд ва аммо номи шаҳрвандони хориҷӣ низ дар ин қатор вомехӯранд. Бино ба маълумоти вазорати адлияи Русия шаҳрвандони хориҷие, ки дар амалҳои тахрибкории Русия даст доштаанд ва ё доранд, ба ҳамин рӯйхат шомил карда мешаванд.
Гуфтанист, дар қатори созмони машҳури «Ал- қойида» ташкилотҳо ба мисли «Ҷамъияти маданияти веди русҳои ориёӣ» ё худ «Ордени шарафи Шайтон» низ ба қайд расидаанд, ки касе аз фаъолияти онҳо то имрӯз умуман маълумот надоштааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр