Оғози “ҷанг” бо малах: Вазорати кишоварзӣ омода аст?
Корхонаи мубориза бо малах, яке аз зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ҳаҷми маблағеро, ки имсол ҳукумати кишвар барои нест кардани зараррасонҳо равона кардааст, нокифоя гуфт.
Қиёмиддин Ғаниев, сардори корхонаи мубориза бо малах дар Тоҷикистон, зимни суҳбат бо «Озодагон», 5 миллиону 600 ҳазор сомониро, ки ҳукумат имсол барои мубориза бо малах ҷудо кардааст, нокифоя арзёбӣ кард: «Албатта ин миқдор маблағ кифоя нест, зеро мо бояд миқдори техникаамонро зиёд кунем, маблағи кормандони мавсимиро пурра пардохт кунем ва дастгоҳҳои ҳозиразамон харидорӣ намоем.»
Ин мусоҳибамон мегӯяд, мавсими имсолаи ”ҷанг” бо малах, 25-уми март оғоз гардидааст ва тибқи нақшаи корӣ майдони 140 ҳазор гектар бояд аз коркарди кимиёвӣ гузаронда шавад. Сардори корхонаи мубориза бо малах мегӯяд, «аллакай ҷои тухмгузории малахро муайян намудем. То ҳол дар навоҳии Хуросон, Ҷиликул, Вахш, Панҷ ва чарогоҳҳои Шаҳринав амалиёт гузаронида шудааст. Аллакай 910 гектар замин дар навоҳии мухталифи кишвар бо маводи зидди малах коркард гардидааст.”
Ғаниев минтақаи сермалахтарини Тоҷикистонро, вилояти Хатлон гуфт. Ӯ таъкид кард, ки «манбаи пайдоиш ва паҳншавии малах ҷойҳои дастнорас, ҷангалзорҳо, баландкӯҳҳо, ноҳияҳои ҳамсарҳад бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя мебошад, ки он ҷо мина гузошта шудаасту симхор аст ва мо он ҷо кор карда наметавонем.»
Дар назар аст, ки имсол маъракаи мубориза бо малах 85-90 рӯз идома кунад. Аммо Ғаниев мегӯяд пеш аз муҳлат, бояд дар муддати 35-40 рӯз малахро аз майдонҳои кишвар нест кунанд.
Малах, ки ҳамасола ба хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон хисороти зиёд ворид мекунад, солҳои охир ба мушкили асосии кишоварзони тоҷик табдил ёфтааст. Соли гузашта ҳукумат барои мубориза бо малах 5 миллиону 436 ҳазор сомониро ҷудо намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |