Номаи Ҷунбиши миллӣ ба Янукович дар бораи Абдуллоҷонов
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон бо нашри як нома аз Виктор Янукович, раисиҷумҳури Укроин, хостааст, ба қазияи Абдумалик Абдуллоҷонов расидагӣ кунад. Ин нома рӯзи 31-уми март бо се забон -- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишта шудааст. Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, як созмони сиёсист, ки дар Тоҷикистон сабтином нашуда, раҳбаронаш низ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.
Ин созмон дар номаи худ мегӯяд, “ҷаноби Абдуллоҷонов собиқ сарвазири Тоҷикистон буда, пас аз иштирок дар интихоботи раисиҷумҳури соли 1994 зери фишору таҳдидҳо Тоҷикистонро тарк намудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро ба ҷинояткории муташаккил гунаҳкор эълон карда, мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст, вале ҷаноби Абдуллоҷонов дар Иёлати Муттаҳидаи Амрико ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ қабул гашта, солҳои охир дар онҷо зиндагӣ мекард.”
Дар идома ин гурӯҳи сиёсӣ изҳори боварӣ кардааст, ки Абдуллоҷоновро маҳз ба хотири фаъолияти сиёсӣ таъқиб мекунанд “ва умуман, ҳукумати кунунии кишвар дар арафаи интихоботи раисиҷумҳури соли ҷорӣ тамоми ҳизбу ҳаракатҳои мухолифро зери ҳамлаи мақсаднок қарор додааст”.
“Бинобар ин, аз Шумо дархости қатъӣ дорем, ки ӯро ба дасти масъулини ҳукумати Тоҷикистон таслим насозед, чун пайомади ин амал бешубҳа ба додгоҳи ғайриодилона, шиканҷа ва марги ин шаҳрванд мерасонад”,-таъкид шудааст дар нома.
Ҷунбиши миллии Тоҷикистон аз раисиҷумҳури Укроин дархост кардааст, ки мақоми паноҳандагии сиёсии Абдуллоҷоновро эътироф карда, барои интиқоли бехатари ӯ ба кишвари интихоби худаш мусоидат намояд.
Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон, шаби панҷуми феврал дар фурудгоҳи Бориспроли Укроин аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯро барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштор муттаҳам медонанд. Ҳоло додгоҳи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кардааст, ки ҷаноби Абдуллоҷонов то як сол дар боздоштгоҳ мемонад ва дар ин муддат масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Амнести Интернешнл, гуфтанд, ки дар сурати истирдод, ӯро дар Тоҷикистон шиканҷа ва ҳабси тӯлонӣ интизор аст. Худи Абдуллоҷонов ҳам гуфта, ки истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баробар ба ҳукми марг аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |