Дафтари ҲНИТ дар Хоруғ дубора фаъол гардид
Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ, ки тобистони соли гузашта дар пайи даргирии нерӯҳои давлатӣ бо гуруҳҳои мухолифи мусаллаҳ, тахриб шуда буд, дубора фаъол гардидааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хоруғ хабар доданд.
Манбаъ афзуд, барои бозсозии ин дафтар 10 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, ки тақрибан чаҳор ҳазор сомонии онро дар тобистони соли гузашта раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим пардохт кардааст.
Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, дар ҷараёни даргирии хунин миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф дар рӯзи 24-уми июли соли 2012 оташ гирифта буд. Он замон масъулони ҲНИТ ин воқеаро ҳамла ба дафтари ҳизб арзёбӣ карданд. Инчунин, дар ҷараёни ҳаводиси хунини Хоруғ раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон Сабзаалӣ Мамадризоев кушта шуда ва Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Хоруғ боздошт гардид.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, дафтари ин ҳизб дар ноҳияи Ваҳдат низ, ки даҳуми августи соли 2012 ба оташ кашида шуда буд, ҳанӯз тармим нашудааст, Зеро мақомоти интизомии ин ноҳия то ба ҳол натиҷаи таҳқиқоти худро дар бораи ин ҳодиса эълом накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |