Интихоби мушкил барои баъзе туркманҳо: Ё Ашқобод, ё Маскав
Онҳое, ки дар Туркманистон дорои мақоми душаҳрвандӣ, яъне туркманиву русӣ ҳастанд, бояд яке аз онҳоро сарфи назар намоянд.
Тавре расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, бар пояи қонуни нави Туркманистон ашхосе, ки дар ин кишвар тобеияти туркманӣ-русӣ доранд, то 10-уми моҳи июли соли ҷорӣ бояд яке аз ин ду шаҳрвандиро қабул намуда, аз дувумӣ бигзаранд.
Тибқи иттилои манбаъ, садҳо нафар аз мардуми рустаборе, ки дар Туркманистон ба дунё омадаанд, бар асоси тавофуқномаи ин ду кишвар аз соли 1995 шаҳрвандии туркманӣ-русӣ доранд, ки ҳоло дар дуроҳа мондаанд. Зеро аз як сӯ намехоҳанд зодгоҳашонро тарк намоянд ва аз сӯи дигар мушкил аст, ки азз шаҳрвандии Русия даст бикашанд.
Дар ҳамин ҳол, аз кӯчидани бархе афроди дорои душаҳрвандӣ аз шаҳри соҳилии Туркманбошӣ ба Русия гузоришҳо мерасанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |