Бахшҳо

Муҳоҷират дар Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?

Бино ба иттилои расмӣ ҳудуди 1 миллион ва бар асоси иттилои ғайрирасмӣ ҳудуди 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиранд. Хабарнигори "Озодагон" аз намояндагони аҳзоб ва сокинони одиву коршиносон пурсид, ки муҳоҷирати ин теъдод аз сокинони Тоҷикистон маҷбурист, ё ихтиёрӣ?

Фирӯз Саидов, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Муҳоҷират дар мо ихтиёрист. Мардум ҳама вақт ҷоеро мекобан, ки кори сабук бошад. Кори Русияро ба деҳқонӣ дар Тоҷикистон мардум тарҷеҳ медиҳанд. Дар давлатҳои осиёӣ ҳам кор кардан мумкин аст, вале он сангин буда дар Русия кор сабуктару маблағаш ҳам бештар аст. Муҳоҷират як чизи глобалист, ҳатто Чин, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққӣ кардааст, дар тамоми дунё мардумаш дар муҳоҷират кор мекунанд. Ҷаҳони севум хоҳем, нахоҳем муҳоҷир дорад.”

Шавкатҷон Шарипов, раиси бахши ХНИТ дар ноҳияи Ашт:
“Ягон муҳоҷири корӣ агар шароити хуб ва зиндагии арзанда дар ватани худ дошта бошад, ҳеч гоҳ ба ғарибиву ғурбат барои дарёфти қути лоямут сафар намекунад. Муҳоҷират дар Тоҷикистон хусусан муҳоҷирати корӣ бо чандин усул ва роҳҳои сиёсӣ ба сари мардуми тоҷик таҳмил шуда истодааст ва ягон барномаи назарраси пешгирӣ ва камкунии сафи муҳоҷирон, мутаассифона, дида намешавад. Ҳарчанд ин яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад. Салби ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ, набудани ғамхории иҷтимоӣ, паст будан ва мутобиқи сабади истеъмолӣ набудани маоши шаҳрвандон, то рафт баланд шудани андозҳо, таъмини ҷои кор фақат бо принсипу ғояҳои сиёсӣ ва гурўҳиву хешутаборӣ, сардии муносибати мақомот бо мутахассисони варзида, танг кардани шароити кории тоҷирони боистеъдод дар ватан, кашида гирифтани бизнесҳои тоҷирон аз тарафи гурўҳҳои наздик ба мақомдорон нишондиҳандаи онанд, ки муҳоҷират дар Тоҷикистон на ихтиёрӣ, балки таҳмилӣ ва маҷбурист.”

Моёншоҳ Маҳмадбеков, сиёсатшинос:
“Муҳоҷирати меҳнатӣ характери асосан иқтисодӣ дорад, аммо ихтиёрист. Вақте шахс маҷбуран дар маҳалли зисташ, бехатарияш таҳдид мешавад, ӯ маҷбур мешавад, ки ҷои зисташро тарк кунад, ин аст муҳоҷирати маҷбурӣ. 99 фоизи ин муҳоҷиратҳо ба ҷиҳатҳои иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Чун инҷо корҳо маоши арзанда надоранд. Агар дар дохил қувваи кориро самаранок истифода барему пахта истеҳсол намоем ва мардум дар замин кор кунанд, ҳамроҳи он иқтисод ҳам хуб шавад, мумкин муҳоҷират камтар гардад.”

Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Муҳоҷират, ки дар оинаи зиндагии ҳар ҷомеае тобиши иҷборӣ ва ё ихтиёрӣ дорад, дар ҳама давру замонҳо мавҷуд будааст ва то охирзамон боқӣ хоҳад монд. Муҳоҷирати байналмилалиро дар миёни ҳамватанони мо ба ду даста, ба ду мавҷ метавон тақсим кард ва дар ҳар сурат, ин ду даста низ аз навъи ҳиҷрати иҷбориянд. Ангезаи мавҷи нахустини муҳоҷират дар таърихи навини мо, умдатан, сиёсӣ буд: ҳаводиси хунини баҳманмоҳ ва ҷанги шаҳрвандӣ... Ағлаби муҳоҷирони он замон аз русзабонони кишвари мо иборат буданд. Вале мавҷи дувуми муҳоҷират қатъан мавҷ нест, балки бешак, тӯфони муҳоҷирати иқтисодист, ки барои рабудани муҳоҷирони нав дари ҳар хонаводаи дувуми кишвари моро мекӯбад. Мутаассифона, муҳоҷират тамоюл ба афзоиши бештари рӯзафзун дорад ва то ҳол ҳеч чора, ё тадоруки ҷиддие, барои коҳиш додани теъдоди муҳоҷирон андешида намешавад. Бо вуҷуди доштани бархе аз манофеи иқтисодӣ, ҳиҷрати дастҷамъии муҳоҷирони мо, дар оянда авоқиби вахиму ғайри марғубе ба бор хоҳад овард, агар дар ин росто иқдомоти ҳакимона ва тасмимҳои муносибе иттихоз нашавад.”

Ашраф Акрам, коршинос:

“Дар манзили хеш саҳар хеста, як пиёла чой хӯрдану бо аҳли оила хайрухуш намудану ба кор рафтан, бе эҳсоси хавфу хатареву озоду ба роҳат дар кӯча роҳ рафтану баъд аз кор дар пешвозу оғӯши аҳли хонавода фароғат ёфтан, аз хушбахтиҳои бузурги ин олам аст. Мутаассифона, имрӯз аксар мардуми кишвари мо аз ин навъи саодат маҳруму соҳиби толеи хилофи он гардидаанд. Ҳар як муҳоҷир баъд аз ҳамли азоби муҳоҷират орзуи ба ватан баргаштану дар он дарёфти шуғлу дахлеро дар канори аҳлу авлоди хеш парварида, бо ҳазор умед азми онро мекунад. Аммо дар ватан мушкилоти рӯзгор ӯро ба гирдоби пурталотуми хеш фурӯ бурда, роҳи наҷоте ба ҷуз боз думболи ҳиҷрат гирифтан пайдо намегардад. Албатта, муҳоҷират маҷбурист, зеро барои онҳое, ки роҳи ҳиҷратро пеш мегиранд, он ягона воситаи даромаду таъмини аҳли аёл аст ва маҳз ба шарофати муҳоҷирон пояи иқтисоди кишвар ба ҳоле истодаву онҳо ҳамчун шоҳсутуне кишварро доштаанд.”

Мунира Надҷимова, сокини Душанбе:

“Ба фикрам, маҷбурем гӯем, дурустар аст, танҳо инҷо ягон шахс ё сохтор нею талаботи ҳаёт маҷбур месозад, ки шаҳрвандон ба муҳоҷират раванд. Ман бовар дорам, агар дар кишвари худамон ҷойҳои корӣ пайдо шаванд, бисёре аз муҳоҷирон бармегарданд, чунки дур аз ватан будан чи хеле ки худи муҳоҷирон мегӯянд, ҳарчанд маблағи зиёд кор кунанд ҳам, душвор аст.”

Иззат Амон, коршинос:
“Муҳоҷират дар Тоҷикистон маҷбурӣ сурат мегирад. Чунки одамон маҷбуранд барои дарёфти ризқу рузӣ ҳиҷрат кунанд. Зеро ҳиҷрат имкон медиҳад, ки онҳо дар Тоҷикистон аз гуруснагӣ намиранд. То он вақте дар Тоҷикистон имкони шароити кор фароҳам нашавад, ҳиҷрат давом мекунад ва рӯз то рӯз сафи лашкари муҳоҷирон меафзояд.”
Мӯҳр
диловар
албата ки мачбурист, вакте чаноби рахмон дар тв-и форси баромад када ба чахониен гуфт агар шахрвандоми мо ба мухочират ба руссия нараван дига кучо раван?! Вакте сарвари давлат чонибдори ин хама бошад ,кучо расад ба вазиру сарвазир, (боз я шиор доран ,хоки ватан бех аз тахти сулаймон бех, еки ,гадо бошам дар хоки ватан бошам,!), дар замони имруза ки мехохад зиндагии бад дошта бошад?ин хукуматдорони мо факат я гапа меган мо дар сарагохи оби тоза карор дорем, неке наметонан ахолира бо оби тозашон тамин кна кучо расад ба сохтани корхонаву дигару дигарш! Ое рузе мерасида боша мо рузхои хубро бинем?

Muhojironi Tojiki bechora agar ba zaboni urusi guem 'stali jertvami dvux stran', ki tanho baroi foidai xud hastandu xalos... albata majburis muhojirati tojikon

Ҳоҷӣ Саид
Шавкат Шарипов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ашт
Ба Шумо ақли солиму дар дарёфти қути лоямути «ройгон» барор мехоҳад Ҳоҷӣ Саид.
Барои реклама кардани худатон ва ҳизбатон бо мавзӯи муҳоҷират андармон шудаед муборакатон бод. Лек каме бӯи иғвою тафриқаандозӣ аз мақолаатон омада истодааст. Чаро? Чунки то ин хел масъалаҳоро фаҳмидани Шумо на як қадам чуноне ки мепиндоред Шумо, фарсах-фарсах роҳии дуро-дуру ҷомаи деҳқонӣ, обилаҳои коргарӣ ва ақлу заковат лозим аст!
Муҳоҷират дар Тоҷикистон - озодона, ихтиёрӣ ва бо маслиҳати ёру пайвандон сурат мегирад. Ё ягон касро барои муҳоҷират қапида маҷбуран фиристоданд-мӣ? Зиёда аз ҳазорҳо хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва ҷамоавӣ, 300 адад ҷои кории нави холӣ дар соли 2012 ва 3 моҳи соли 2013, ва ғ.ҳ.
Барои шумо барин «туппичаи сафеддорон» 93 адад масҷид бо чалпаку фатири равғандор дар ноҳияатон доимо манбаи даромад-ку? Чаро ношукриатон зиёд шуда истодааст. Ятиму пирони бепарастор дар зиммаи Шумо не-ку. Ё ягон тангаатон ба назди ятиме афтод-мӣ? Шарм доред раиси рекламачӣ.
Албатта барои дузанаву бисёрзанаҳо мушкил шуд, чунки қонун он сӯ истад, занҳо забон бароварданду ҳуқуқашонро шинохта «пул бите» гуфсодиянд. Ё не мӣ? Албатта шумо ба ҳам қийин бародар (Ҳавола ба виҷдонатон).
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барпо намудани адолати иҷтимоиву иқтисодӣ андозро бояд супорем. Гурехтанҳо бас будагист! Ё барои мағозаатон, ки бо дастгирӣ ва иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ амал менамояду зани якуматон савдо дорад, ору даромад-мӣ? Худатона доред муҳоҷирсӯз. Барои Шумо ҳам ҷои кор-ку ин мағоза, ҳоло ҳам баъзе аз хизматрасониҳоятон дар мағозаатон бе закоту бе ушру бе андозсупорӣ амал менамоед-ку.
Ҳай-ҳай Раис. Тоқичая як сӯ монда ҳуқуқи худу давлатро ҳисобӣ намоед, ки пагоҳ дар «майдон» шарм хоҳед дошт.
Кайфияти муҳоҷирравӣ ин айби давру замон, ки барои мо меросист. Агар айб надорӣ, бандаи Худо ва Худо туро озор намедиҳад.
Шукрона кунед, зеро...
… Тамоми мардуми шодоби олам ташна мемиранд,
Барои ҳар кафи оби равон шукрона бояд кард…
Аввал танзим –сабукӣ барои мардум;
дуюм - масъулияти падару модар барои фарзандшиносӣ ва тарбияи онҳо;
сеюм – аз хориҷ овардани ҷавонони гумроҳ- баҳри фиреб нахӯрдану паси панҷара нарафтан;
чорум – ҳаққи андоз супоридан барои ҳаққи ятиму эҳтиёҷмандро ёфта додан;
панҷум - ҳар он чӣ додааст, Парвардигорам боз мегирад,
Бигирад ё бимонад, кори Он, шукрона бояд кард.
ҲОҶӢ САИД-АШТ. 02.04.2013с.

ҲОҶӢ САИД

Зиёда аз 80% Муҳоҷирати Мардуми Тоҷик иҷбори аст. мо танҳо он вақт гуфта метавонем "Муҳоҷирати ихтиёри", ки Муҳоҷир сари ду масъала ихтиёр доштабошад, якум: Ҳиҷрат кардан. дуюм: Ҳиҷрат накардан.
Вале аз он сабаб, ки Муҳоҷирини мо имкониятии интихоб сари ин ду масаларо надоранд, метавон гуфт, ки Муҳоҷират "Иҷбори" аст.

Мехостам ба назари Хочи Саид андак чавоб гардонам. Бародари гироми, Шавкат Шарипов рост гуфтааст. Хукумат одамонро мачбур намекунад, аммо одамон худ мачбуранд ки ба мухочират раванд. То шумо барин хамелеонхо кам нашавад сафи мухочирон низ кам нахохад шуд. Инчунин бо назари Фируз Саидов ман рози нестам. Мегуяд одамон кори осонро мекобанд. Дар Руссия кор кардан осон будааст. Шумо як худатон ба мухочират сафар кунед баъд омада назаратонро нависед.Он азобу укубатхое ки мардум дар ончо мекашанд бисер вазнин аст, бародар. Халки мо аз набудани кор ба Руссия мачбур аст биравад. Агарчи дар Руссия 500 доллар дар як мох кор кунад, бовари дорам ки дар Точикистон ба 200 доллар рози аст бимонад. Кадами аввалини фарзандонашро бубинад.Бо падару модари пираш бошад.Наход чунин акида кунед, ки мардум кори осонро мекобанд.Хочи Саиди мухтарам менависад, ки хочагихои дехкони 300 чои кори ташкил мекунанд. Эх бародар кариб 1.5 миллионро метавон бо 300 чои корие ки маблаг намедихад дар инчо сер куни.Шумо аз дехаи худ ягон бор ба дигарчо сафар кардаед е на.Дар назари шумо факат дехаи худатон метобад, бас. Хочагихои дехкони бародар, танхо бо майдони зардолу, гуза метавонанд ба коргарони худ маош диханд. Бечора колхозчи руи сумро намебинад. Битен 250 доллари хар мох ана баъд гуед ки одамон худ ихтиери мераванд.

ДАР РУСИЯ ДАР САГ ХОЗИР КАДР ХАСТ ДАР ТОЧИКИ МО НЕ.
ДАР ТАМОМИ БАРНОМАХО ДАР ШОУ ФАКАТ НОМИ ТОЧИК БА ПАСТИ ЕД МЕШАВАД МАГАР ИНРО ШУМО МЕДОНЕД?...

солим
ҲОҶӢ САИД, Бародар шумо хочи не як шайтонед.Он чизе.ки навишти худат фахмиди.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)