Духтарони президент дар рейтинги шахсони бонуфуз
Дариға Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон дар садри феҳрасти занҳои бонуфузи он кишвар қарор гирифтааст.
Рейтинги «50 зани бонуфузи Қазоқистон»-ро маҷаллаи «Vласть» тартиб додааст. Онро дар пайи назарсанҷии сад коршинос, назири сиёсатшиносон, иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон ва фаъолони ҷамъиятӣ таҳия кардаанд.
Дариға Назарбоева, вакили парлумони Қазоқистон аст ва кумитаи рушди иҷтимоӣ-фарҳангиро роҳбарӣ мекунад. Бино ба навиштаи маҷалла духтари бузурги президент, ки оғози соли гузашта ба сиёсат баргашт, «ба яке аз мунақидони аслии ҳукумат дар парлумон табдил ёфта, аз мушкилоте, ки бештари вакилон дар борааш хомӯширо авло медонистанд, ошкоро суҳбат мекард». Ба эътиқоди сиёсатшиносон духтари калони президент ояндаи наздик бо суръат шуҳрат хоҳад ёфт.
Дариға дар гузашта ҳамсари Роҳат Алиев, яке аз мансабдорони мақомоти қудратии Қазоқистон буд, ки ҳоло дар хориҷ паноҳ мебарад.
Дар рейтинги маҷаллаи «Vласть» ду фарзанди дигари Назарбоев ҳам мақом гирифтаанд. Алия, духтари хӯрди райисҷумҳури Қазоқистон, ки роҳбари шӯрои директорони ширкати «Элитстрой» мебошад, дар зинаи шашуми феҳраст аст. Динара Қулибоева бошад, мақоми даҳумро муаррифӣ мекунад. Ин духтари президент гуруҳи АЛМЭКС ва Хазинаи миллии маорифи ба номи Нурсултон Назарбоевро роҳбарӣ мекунад. Дороии Динараро «Forbes» 1,2 миллиард доллар гуфта буд.
Сара Назарбоева, завҷаи Нурсултон Назарбоев ҳам аз феҳрасти маҷаллаи «Vласть» берун намондааст. Вай зинаи 25-умро муаррифӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |