Шабдолов хостори истифодаи бештари кадрҳои ҷавон шуд
Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки “ҳизби нафақахӯрон” низ номаш мебаранд, хостори истифодаи бештари кадрҳои ҷавон шуд.
Шабдолов, ки рӯзи 29-уми март, зимни як ҳамоиш дар мавзӯи экология дар шаҳри Душанбе баромад мекард, изҳор дошт, ки кадрҳои ҷавон дар бахши экологияи Тоҷикистон кам истифода мешаванд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ кадрҳои лаёқатманди бахши экология асосан дар миёни ҷавонон қарор доранд. Раиси коммунистҳои Тоҷикистон экологияро як соҳаи алоҳида арзёбӣ карда, таҷдиди муносибат бо ин бахшро зарур хонд.
Дар қадами аввал Шабдолов зарур гуфт, ки бисёре аз санаду қонунҳои соҳаи экологияи Тоҷикистон таҷдиди назар шаванд, чун ба гуфтаи ӯ айни ҳол ин қонунҳо душворфаҳм буда, мардуми одӣ муҳтавои онҳоро дарк намекунанд.
Ин суханҳоро Шабдолов дар ҷаласаи Комиссияи экологии парлумони Тоҷикистон изҳор дошт, ки мақсад аз он мусоидат ба танзими фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати таъмини амнияти экологӣ, рушди иқтисодиёт ва беҳбудии зиндагии мардум дар асоси такмил додан ва таҳким бахшидани қонунгузории Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |